Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ошкор шудани ҳабс ва парвандасозиҳои ғайриқонунӣ: Президент хостори ҷазои муфаттишон шуд

10377
(Таҷдидшуда 11:10 15.03.2020)
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки даҳҳо ҳолати ҳабсу оғози ғайриқонунии парвандаҳо алайҳи шаҳрвандони кишвар ошкор шудаанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон 14 март, дар рӯзи касбии кормандони додситонӣ, аз таъқиби ғайриқонунии  ҷиноятии шаҳрвандон дар кишвар суҳбат кард.

“Аз ҷумла  73 ҳолати ғайриқонунӣ ва бармаҳал  оғоз намудани  парвандаҳои ҷиноятӣ, 5 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан,  3 ҳолати ғайриқонунӣ  ба ҳабс гирифтан ва 5 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор гардида, дар маҷлисҳои  васеи ҳайати  мушовара мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор  дода шуданд”, - изҳор доштаст Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”. Ӯ нагуфтааст, ки барои таъқиби ғайриқонунии ҷиноии шаҳрвандон оё мақомдоре муҷозот шудааст ё на.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо аз парвандаҳои хому беасос интиқод карда, масъалаи ҷавобгарии муфаттишонро ба миён гузошта буд.

“Муфаттиш хатоиҳо содир кардааст. Парванда хом аст. Далелу асосҳои шайъӣ надорад, аз ин хотир, асос шуда наметавонанд ва суд ҳам дар содир кардани ҳукм мушкилӣ мекашад. Чаро нисбати муфаттиш чора намебинед? Инҳо чӣ қадаранд? Бархе муфаттишон 10 – 15 сол боз дар як сохтор кор карда истодаанд. Инҳоро бояд баррасӣ кунем. Камбудӣ кардааст, бинед, кадом муфаттиш, аз кадом раёсат аст, чӣ гуна тафтиш кардааст, ки парвандааш баргаштааст? Бояд чора дид!”, - гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома дигарбора ба мавзӯъи заъфи тафтишоти қаблӣ баргашта, хулоса кард, ки ин гуна маворид паймадҳои нохуш доранд.

“Ҷавоб ва зарари инро кӣ мепардозад? Зарари моддӣ ку як тараф, зарари маъънавиаш чӣ? Муфаттиш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд!”, - афзуд ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо пешгирии ҷиноят мебошад, чун дар паси ҳар шахс, як хонавода ва сарнавишту зиндагии онҳо қарор дорад.

Тайи солҳои ахир даҳҳо шикояту арзи наздикон ва вакилони мудофеъи гумонбаршудагон расонаӣ шудаанд, ки тафтишотро барои тақаллуб ва ё бо роҳи зӯру шиканҷа ба даст овардани эътироф ба ҷиноят муттаҳам кардаанд.

10377
Барчаспҳо:
Додситони кулл, прокуратураи генералӣ, Юсуф Раҳмон, ҷазо, Тоҷикистон
Разработка экспресс-тестов на коронавирус учеными из центра Сколково

Гирифторони COVID-19 муайян мешаванд: дар Хуҷанд ташхисгоҳи нав ба кор шурӯъ кард

17
(Таҷдидшуда 12:36 01.06.2020)
Озмоишгоҳ дар Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан COVID-19 мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ фаъол шуд, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Ташхисгоҳ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд сохта шудааст.

"Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Ҳамзамон, имкон дорад, ки  дар ташхисгоҳ  дар як шабонарӯз то 150-200 таҳлил гузаронида шавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. Дар оянда низ дигар кормандони озмоишгоҳ дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Ба гуфти коршиносон, фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан  COVID-19-ро метезонад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб, барои мубориза бо бемории короновирус, қабл аз ҳама, муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

То имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

17
Рабочая встреча под председательством Исфаринского района по эпидемиологической ситуации и профилактике заболевания

Ҷаласаи ситоди сайёр дар Суғд: дар Ҷаббор Расулов сироят ба вируси корона коҳиш ёфт

108
(Таҷдидшуда 12:27 01.06.2020)
Дар ҷаласаи ситоди сайёри вилояти Суғд раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Дар ҷаласаи корӣ раиси ноҳия таъкид карадааст, ки аз ҷониби мақооти кишвар барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар машварати корӣ ба Раиси вилоят хабар доданд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

“Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ру ба пастрави ниҳода дар ҳолати коҳишёбӣ арзёбӣ карда шуд”, - таъкид доштааст раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад.

Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад.

“Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад”, - таъкид доштааст раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.

Инчунин раиси вилоят барои пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корҳоро бо ҳам бештар намоянд.

«Аз кохишёбии сироятёби бемори форигболи накрда корхои ташвикоти дар бозору магоза таквият дода шавад. Зеро пастшавии сироятёби холо пурра бартараф ёбии бемори нест. Сокинонро зарур аст пеш аз ҳама аҳли оилаи худ ва ҷомеаро аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории COVID-19 эҳтиёт намоянд. Аз ҳар гуна ҷамъомадҳо ва барпо кардани маракаҳои хонаводагӣ худдори намоянд”, -гуфт Аҳмадзода.

Ҳамзамон дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти картошка, мувофиқи агротехникаи парвариши пахта, ба роҳ мондани нашъу намои пахта ва фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ ва пойгоҳҳи обкашӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

108
Барчаспҳо:
ноҳия, корхона, ситод, раис, муовин, Ҷаббор Расулов, Тоҷикистон, Суғд