Эрон: наздик панҷ ҳазор нафар аз коронавирус наҷот ёфт

887
(Таҷдидшуда 10:22 16.03.2020)
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 4 ҳазору 790 нафар аз касоне, ки дар Эрон коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  дар Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон  гуфт, то кунун 724 нафар бар асари ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Инчунин вай гуфт дар дар Эрон то кунун  13 ҳазору 938 нафар мубтало ба коронавирус шудааст.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамсос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин)  ва дармони афроди мубтало ба коронавирус бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Бар асоси охирин омор, то алъон беш аз 157 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 76 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва дастикам 5 ҳазору 800 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

887
Барчаспҳо:
мураххас мешавад, бемористон, беҳбуд бахшидан, вирус, пизишк, Эрон
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

259
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

259
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Аз Ҷурабек Назрӣ то Мунира Ҳакимова: паёми дардноки сафири Эрон ба мардуми Тоҷикистон

737
(Таҷдидшуда 02:39 26.05.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба даргузашти чанд нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёмаш қайд кардааст, ки ахиран чанд тан аз ҳунармандон ва шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва адабии тоҷик ба диёри боқӣ рахт барбастанд ва  ҷомеаи фарҳангии тоҷикро доғдор намуданд.

Сафири Эрон таъкид доштааст, ки даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Баҳриддин Камолиддинов, Саидшоҳ Акрамов, Хайрӣ Назарова, Савринисо Сабзалиева, Мунира Ҳакимова, Абӯбакри Зубайдӣ, Хуршед Алидод, Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва  ғайра барои фарҳанг ва ҷомеаи Тоҷикистон ва алоқамандони мероси гаронбаҳои порсӣ, дарднок мебошад.

Сафири Эрон: шеъри Саъдӣ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст

“Ҳанўз дар ғами аз даст додани ин азизон будем, ки хабардор шудам устоди арҷманд ва ҳунарманди саршиноси мардумӣ  ва раиси собиқи Шўъбаи осори хаттии пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назрӣ низ даъвати ҳақро лаббайк гуфтанд”, - зикр кард Собирӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ин ҳунарманд ва донишманди саршиноси  тоҷик  тамоми умрашро барои рушду тавсиаи ҳунар ва забону адаби муштараки порсӣ сипарӣ кард.

Сафир таъкид кард, ки осор ва ёдгорҳои Ҷурабек Назрӣ дар ҳавзаи адабиёт ва санадпажӯҳӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ бисёр шинохта шуда ва шахсияти ӯ мавриди эҳтироми тамоми аҳли фарҳанг мебошад.

“Зимни арзи тасалият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз  даргоҳи Худованди бузург барои он марҳум ва соири азизони аз даст рафта оромиши абадӣ ва ҷаннатмаконӣ ва барои бозмондагони муҳтарам сабру шикебоӣ орзу менамоем”, - гуфт  Муҳаммадтақӣ Собирӣ.

Дар ҳамин ҳол, сафири Эрон дар паёмаш ишора кардааст, ки Эрон ҳамвора дар канори давлат ва мардуми Тоҷикистон хоҳад буд ва ӯ боварӣ дорад, ки Тоҷикистон бо талоши нерӯи шарифи пизишкӣ ва бо ҳамгомӣ, ҳамбастагӣ ва имон ин вируси манҳуси каронаро шикаст дода ва бар он пирӯз хоҳад шуд.

737
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, сафир, таслият, ҷумҳурӣ, саршинос, шахсият, даргузашт, Тоҷикистон, Эрон