Тоҷикистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 6+8  дараҷа гарм ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад.

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд   тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 6+8  дараҷа гарм ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0