Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

ВУХ гуфт киҳо аз маҳдудияти сафар ба Русия канор мемонанд

1151
(Таҷдидшуда 13:39 17.03.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар муроҷиатнома ба шаҳрвандони кишвар дархост намудаст, ки сар аз 18 - уми март аз сафар ба русия худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Муроҷиатномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба бурузи маризии сироятии коронавирус дар Русия, ба шаҳрвандон ироа шудааст.

Ба иттилои котиботи ВУХ, аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост шудааст, ки сар аз 18 - уми март ба қаламрави Русия сафар накунанд, чун дар ин кишвар шумораи гирифторони маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ҳамзамон Ҳукумати Русия низ қарор қабул намудаст, ки сар аз 18 - уми март маҳдудияти вуруд ба давлаташро ҷорӣ меекунад.

Кумаки хоксорона: БОР ба ҷумҳурӣ барои муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар медиҳад

Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат аз сафар ба Россия дар айни замон худдорӣ намоянд.

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Россия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.

1151
Барчаспҳо:
Русия, сафар, ВУХ
Ҳаётой Муминова

Ордкашии Ҳаётой дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург: "ҳеҷ вақт сар хам намекунам" - видео

4
(Таҷдидшуда 16:56 09.08.2020)
Ҳаётой Муъминова - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар бораи солҳои душвори 90-ум, тиҷорат, ордкашӣ дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург нақл кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳунараманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти шахсӣ гуфт.

Ҳаётой Муъминова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сангинтарин рӯзҳои мардуми Тоҷикистон буданд, нахустин фарзандашро ба дунё овард. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш барои дарёфти қути лоямут ва рӯзгоргузарнӣ ба тиҷорат рӯ оварданд.

"Ман аз Худованд шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин марди сабур, фурӯтан ва оқил ҳадя кард", - гуфт Ҳаётой дар бораи ҳамсараш ва орзу кард, ки Худованд ба ӯ 100 сол умр диҳад.

Ҳаётой Муъминова зане ҳаст, ки дар зиндагӣ ношукрӣ ва нолиданро намеписандад.

"Агар ба ман фишор оранд ҳам, садди роҳи ман шаванд ё хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошанд, ман ҳеҷ вақт сар хам намекунам, ман бисёр хушрӯй баромада меравам. Инкори ҳар чиз тавлиди роҳи нав аст", - бовар дорад Ҳаётой ва аз ашхосе, ки садди роҳи ӯ шуданд ва боиси тарки саҳнаи бузург гардиданд, изҳори сипос мекунад.

Ҳаётой Муъминова шаш сол дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул буду дар ин ҷода муваффақ ҳам шуд.

"Тӯй нест, маош нест. Як дугона доштам дар Каленин Холбӣ, дигараш Истамой. Онҳо аслан мухлисонам буданд, ман дар маъракаҳояшон хизмат карда будам. Баъд гуфтанд мебинем аҳволатон хеле вазнин, биёед ман ба шумо тиҷоратро ёд медиҳам. Баъд дар ангуштарини маркиза ва як гарданбандамро фурӯхта ба тиҷорат оғоз кардам". 

Ҳамин тавр Ҳаётой рӯ ба тиҷорат овард ва ҳамроҳи ҳамсараш бозорнишин шуд. Дар тиҷорат Ҳаётой муваффақ шуд. Ӯ мегӯяд мушкилиҳо ҳам хубии худро дорад.

"Рафиқони зиёде пайдо кардем. Чор рӯз сурудхонда мерафтем Бишкек барои бор, боз сурудхонда меомадем. Мисли як оила шуда будем",- гуфт Ҳаётой.

Сароянда ҳамчунин дар бораи сахтиҳои тиҷорат нақл кард.

"Як бор гуфтанд орд камчину то регар мошини худамон кати баъд пиёда сарҳадро убур мекардем ва баъд мошинҳои ӯзбекистонро моро интизор мешуданд. Баъд Бишкек интиқоли орду шакарро манъ карда буд, вале мо мегирифтем. Борро дар сарҳад бояд аз болои як ҷӯйбори калон мегузаронидем. Шафёр ба пушти ман бор мекард ман то ҷӯйбор мебурдам, Меҳрӣ аз ҷӯйбор гузаронид ба мошини дигар бор мекард", - нақл мекунад Ҳаётой ва меафзояд, ки агар сарҳадбонон дар чунин ҳолат онҳоро медиданд, мумкин буд парроннанд ё ҷарима кунанд.

Ин кори сангинро занон ба хотири обод кардани хона ва сер кардани шиками худу кӯдакон анҷом медоданд. шаш сол тиҷрат машғул буд.

Ҳаётой Муъминова мегӯяд инсон то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои хушбахтии худ талош мекунад. Ва танҳо такя ба Худо кардан даркор.

Орзуи Исоев аз ошноӣ бо Ҳаётой гуфту зиндагии ӯро дабистони вафову садоқат ва сабуриву инсонпарварӣ хонд.

4
Барчаспҳо:
ҳаёти шахсӣ, сароянда, Тоҷикистон, Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент ба маъюбони ноҳияи Ванҷ аробача фиристод

154
Ҳамчунин ба ин қишри осебпазир аз номи раисҷумҳур асобағал, асобағали такягоҳӣ, дастгоҳи шунавоӣ ва таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб, ҳамчунин маблағҳои пулӣ тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кӯмакҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қишри осебпазири ҷомеаи ноҳияи Ванҷ дастрас гардид, аз ҷумла президент ба маъюбони ноҳия аробача фиристодааст. Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои масъули мамлакат дар ноҳияи Ванҷ ба 59 нафар маюб кумакҳои президентро  расониданд.

"Онҳо аз 14 аробачаи маюбӣ, 10 асобағал, 11 асобағали такягоҳӣ, 12 дастгоҳи шунавоӣ ва 6 таҷҳизоти роҳравӣ барои кӯдакони маюб иборат буданд. Ҳамчунин, ба маъюбони гурӯҳи якум ба маблағи 1500 сомонӣ ва гурӯҳи дуюм 1000 сомонӣ тақдим гардид", - тавзеҳ медиҳад нашрия.

Манбаъ афзудааст, дар маҷмӯъ, ба 122 нафар табақаи эҳтиёҷманди ноҳия кумак расонида шуд.

 

154