"Майда - майда!" Тағйири низоми корӣ дар созмонҳои хориҷиву байнулмилалии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в Душанбе
Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмонҳои хориҷиву байнулмилалии муқими Тоҷикистон дар низоми кории худ тағйир ворид кардаанд. Акнун онҳо, қисман, аз хона ва ё озод кор мекунанд

Душанбе, 17 март - Sputnik. Дасти кам панҷ корманди созмонҳои хориҷиву байнулмилалии муқими Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз "вируси корона" дар низоми кории дафтарҳояшон тағйир ба вуҷуд омадааст.

Бонки ҷаҳонӣ (World Bank), Бонки рушду тавсеаи Аврупо (ЕБРР), Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC), Департаменти рушди байнулмилалии Бритониё (DFID), бархе барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Тоҷикистон 21 адад ҳисоб шудаанд, Агентии рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), Ибтикори гузонаҳои рушд (DAI), ABT assiciates, Анҷумани ҳамкориҳои байнуламллии Олмон (GIZ) ва як қатори дигар созмону муассисаҳои хориҷиву байнулмилалӣ аз кормандони худ хостаанд, ки қисман, аз хона ва ё озод кор кунанд.

Русия вуруди хориҷиёнро муваққатан маҳдуд кард

Тарҷумони яке аз созмонҳои хориҷӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмурияти муассиса ба кормандон эълон кардааст, ки метавонанд барои омадан ба кор озод бошанд.

"Гуфт, ки метавонӣ дар дафтар кор кунӣ, метавонӣ то нисфирӯзӣ дар кор бошӣ ва ё умуман аз хона кор кунӣ. Дар асл як моҳ ба ин сӯ дар корхонаи мо риояи қоидаҳои шадиди беҳдоштӣ роҳандозӣ шудааст. Бояд дастӣ ҳолпурсӣ накунем, ҳар замон дастони худро бо собун шӯем. Ҳатто мошин ҷудо карданд, ки моро хона ба хона барад, то бо афроди атроф кам робита дошта бошем", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Нафари дигар мегӯяд, кормандони муассисаи ӯ дастур гирифтаанд, ки то ду ҳафтаи дигар пурра аз хона кор кунанд ва низ беҳуда аз хонаҳояшон берун нашаванд.

Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

"Ростӣ, ин шеваи кор ба ман хуш омад. Шиддати корро ҳис намекунӣ. Озод ҳастӣ ва баръакс, натиҷаҳои корат беҳтар ҳастанд. Кош, дар даврони бе вирус ҳам кор ҳамеша чунин мебуд", - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон кор мекунад, мегӯяд, то ба ҳол ҳеҷ дастуре нагирифтаанд, ки низоми кории худро тағйир диҳанд:

"Аслан онҳое метавонанд аз хона кор кунанд, ки 80% корашон ба компутар вобастагӣ дорад. Аммо инро ҳам ба назар гиред, суръату сифати интернет дар Тоҷикистон барои кор аз хона мусоид нест. Ин низоме, ки ба иҷбор сари кормандони дафтарҳо бор мешавад, ҳоло натиҷаҳои манфии худро нишон хоҳад дод”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Русия ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ кард

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир яке аз 20 кишвари ҷаҳон аст, ки бо вуҷуди ҳамсоягии девор ба девор бо Чин, мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро таҷриба накардааст.

Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, назири Ӯзбекистон ва Қазоқистон, мактабу донишгоҳҳо ва корхонаҳои давлатӣ карантин шуда, мардум хонашин шудааст.

Дар бораи созмону муассисаҳои хориҷии онҳо метавон ҳарфе нагуфт. Онҳо аз ҳамон оғоз дарҳои худро баста, ба низоми кор дар хона гузашта буданд.

Лентаи хабарҳо
0