Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

"Сомон Эйр" парвозҳои самти Русияро коҳиш дод

631
(Таҷдидшуда 16:03 18.03.2020)
Сар аз 18 - уми март то 1 - уми апрел ширкати ҳавонавардии "Сомон Эйр" парвозҳо самти Русияро коҳиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар робита ба манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия, ширкати ватании "Сомон Эйр" парвозҳоро самти ин кишвар коҳиш медиҳад.

Гуфта мешавад, ин маҳдудият аз 18 - уми март то 1 - уми апрел идома мекунад, вале роҳбарияти ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки парвозҳоро тавре анҷом медиҳанд, ки сарборӣ таъмин карда шавад.

Зикр мегардад, ки феълан вуруд ба Русияро танҳо ба шаҳрвандони Русия ва гурӯҳи муайяни ашхос аз ҷумлаи кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Федератсияи Русия иҷозат дода мешавад.

Гузашта аз ин, ба қаламрави Русия нафароне, ки ягон пайвандашонро аз даст додаанд, имкони сафар кардан доранд.

"Сомон Эйр" парвозҳоро самти Олмон, Ҳиндустон ва Аморати Араб мутаваққиф кард

Дар ҳамин ҳол, аз қаламрави Русия ҳамаи мусофирон ба истиснои шахсони аз Чин, Эрон, Афғонистон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ омада ва касоне, ки дар давоми 14 рӯзи охир ба ин кишварҳо омадаанд, парвоз карда метавонанд.

Зимнан, ба хотири пешгирӣ аз маризии коронавирус, ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон тариқӣ ширкати "Сомон Эйр" аз Фаронса, Олмон, Испания, Швейтсария, Шветсия, Британияи Кабир, Нидерландия, Норвегия, Белгия, Дания ва Амрико ворид мешаванд, ҳатман ба карантини 14 рӯза фаро гирифта мешаванд.

Чанде қабл, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ намоянд.

Инчунин, намояндагони "Сомон Эйр" қайд мекунанд, мусофирон, ки аллакай чипта харидаанд, вале бинобар маҳдудиятҳо парвоз карда наметавонанд, ҳақ доранд чиптаро баргардонанд ва пулро бозпас гиранд ё ки мӯҳлати сафарашонро тағйир диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Русия барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави кишвара маҳдудият ҷорӣ намуд. Ин маҳдудият сар аз 18 - уми март то 1 - уми апрели соли 2020 идома мекунад.

631
Барчаспҳо:
Русия, парвозҳо, Сомон Эйр