Школьники в Таджикистане, архивное фото

Дарсҳои КҲФ дар мактаби Оқохон дар Хоруғ

74
(Таҷдидшуда 16:13 21.03.2020)
Дар муддати як ҳафта бо ширкати кормандони Раёсат дар ҳамаи синфҳо дар мавзуъи мудофиаи гражданӣ дарсҳо баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар мактаб-литсеи Оқохон дар шаҳри Хоруғ ҳафтаи донистаниҳо дар мавриди мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Бино ба гузориши КҲФ, тарбиягирандагон таҳти роҳбарии наҷотдиҳандагон малакаҳои риояи қоидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодаро тамрин додаанд.

Чигуна худро аз коронавирус ҳимоя кард: навори омӯзишии КҲФ-видео

Ҳафтаи донишҳои мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии латхӯрии кӯдакон, тарбияи муносибати боэҳтиром ба амнияти худ, ташаккул додани талош барои пешбурди тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин рафтори дуруст зимни ҳолатҳои фавқулода роҳандозӣ шудааст.

Дар муддати як ҳафта бо ширкати кормандони Раёсат дар ҳамаи синфҳо дарсҳо дар мавзуъи мудофиаи гражданӣ баргузор шудаанд.

"Бачаҳо истифода аз дастгоҳи зидди газро омӯхтанд, филмҳо тамошо карданд, ба суолҳои викторинаҳо посух доданд, иттилои ҳамсинфонашонро шуниданд. Дар роҳрав барои хонандагон расмҳое намоиш дода шуданд, ки онҳоро бо ҳолатҳои фавқулода ва қоидаҳои рафтор ҳангоми бурузи онҳо ошно месозанд", - омадааст дар хабарнома. 

Дар хотима наҷотдиҳандагон ва хонандагон бо ҳам амалҳои наҷот ва интиқоли зарардидагон бо ёрии техника ва таҷҳизоти махсус, расонидани ёрии аввали тиббиро машқ карданд.

74
Барчаспҳо:
Оқохон, мактаб, КҲФ, Тоҷикистон