Худрави БДА

Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

5291
(Таҷдидшуда 22:28 21.03.2020)
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аз баста шудани роҳу кӯчаҳои нақлиётгарди шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд дар рӯзҳои баргузории Ҷашни Наврӯз хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Қарор аст чорабиниҳои идона сар аз пагоҳ бо ширкати раисиҷумҳур дар Хуҷанд оғоз шуда, давоми шаш рӯз дар шаҳру ноҳияҳои дигари Суғд давом кунад.

Мақомоти БДА сабаби шаш рӯз маҳдуд шудани ҳаракаи воситаҳои нақлиёт дар роҳу шоҳроҳҳои Суғд иттилоъ дода, гуфтааст, ки ин тадбир дар кадом шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.

Бар пояи иттилои БДА санаи 22-марти соли 2020, роҳи кӯчаҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров, Исмоили Сомонӣ, Юрий Гагарини шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои И. Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳри Гулистон, роҳи Гулистон-Сомғор, давраи Ором, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд ва кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон.

Изҳори ҳамдардиву табрик ба Наврӯз: паёми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Санаи 23-уми марти соли 2020, кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон, роҳи нақлиётгарди Конибодом-Деҳмойи ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои марказии ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров, кӯчаҳои маҳаллаи Бофанда ва И. Сомонии шаҳри Хуҷанд, И. Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳри Гулистон.

Санаи 24-уми марти соли 2020 Роҳи Гулистон-Сомғор, давраи Ором, кӯчаҳои Сирдарё, маҳаллаи Чашма, 30-солагии Ғалаба, С. Умаров, Р. Ҷалил, И. Сомонӣ, Р. Ҳоҷиев, минтақаи Сартӯқай, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ҳудуди шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд ва кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон.

Санаи 25-уми марти соли 2020 Кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои И. Сомонӣ, А.Шукӯҳӣ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Себзори ҷамоати Ёва, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен, роҳи Спитамен-Андарсой ва Спитамен-Тағояк, роҳи Конибодом-Деҳмой кӯчаҳои Гагарин, Б.Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви ш. Бӯстон.

Санаи 26-уми марти соли 2020 Кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд кӯчаҳои Гагарин, С. Умаров ва Сирдарёи ш. Хуҷанд, давраи Ором, Соғор ва кӯчаи С. Урунхӯҷаеви ҷамоати Унҷии н. Б. Ғафуров.

Санаи 27-уми марти соли 2020 Кӯчаҳои Истиқлол ва И. Сомонии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Гагарин, Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Алорағми дархости СҶБ: Тоҷикистон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегирад - акс

БДА бо нашри ин иттилоъ аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳамчунин хоҳиш намудааст, ки дар санаи нишондодашуда аз ҳаракат намудан дар роҳу кӯчаҳои дар боло зикр гардида худдорӣ намуда, ҳаракати худро тариқи роҳу кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

"Дар сурати муқобил нисбати ронандагон чораҳои сахти маъмурӣ андешида мешавад",-  омадааст дар эълони БДА.

5291
Барчаспҳо:
БДА, роҳбандӣ
Гробы с умершими от заражения вирусом

Фавти боз як бемор аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

1103
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр карда, марги як нафари дигарро аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавти гирифторони он ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 10 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6457 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5115 нафар ё худ 79,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд.

"Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд", - таъйид мекунад вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 208 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар Русия 40% муҳоҷирон бо сабаби коронавирус бекор мондаанд

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд

 

1103
Руки в наручниках, архивное фото

Аз андоз сарпечӣ кард: Ожонси зидди фасод намояндаи "Озод сохтмон"-ро дастгир кард

270
(Таҷдидшуда 20:49 10.07.2020)
Ожонси мубориза ба фасод намояндаи ширкати "Озод сохтмон"-ро ба иттиҳоми надодани бештар аз 2 миллион сомонӣ андоз дастгир карддаст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар ин бора вебгоҳи Ожонси зидди фасод гузориш дода, навиштааст, Туйғунов Фурузон Ҳақназарович ҳамчун намояндаи ваколатдори ширкати "Озод Сохтмон" дар давраи фаъолияти кориаш аз 29 октябри соли 2018 то 01 январи соли 2020 пули андозро насупоридааст.

Тавре манбаъ афзудааст, "ба воридоту содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум машғул шуда, дидаву дониста бо роҳи дар эъломияҳои андоз пешниҳод намудани маълумотҳои баръало таҳрифшуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда саркашӣ кардааст".

"Туйғунов Фурузон Ҳақназарович ба маблағи 1973526 сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблағи 130297 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2103823 сомонӣ маблағи андозро надодааст", - афзудааст манбаъ.

Дар Душанбе аз фасод пешгирӣ мекунанд

Оиди ин ҳолат нисбати Туйғунов Ф.Ҳ. бо моддаи 292 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. 

270
День 11 июля

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 10.07.2020)
Рӯзи ёздаҳуми июл Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ ва рӯзи байналмилалии шоколад мебошад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон, Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба дунё омадааст

Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

День 10 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.

Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл

  • Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
  • Рӯзи байналмилалии шоколад.

Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.

Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.

Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.

Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.

Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.

Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шери Дўст (1958)- шоир.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон, Ҷаҳон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон