Эмомали Рахмон открыл Государственный флаг в городе Бустон

Ифтитоҳи пояи Парчами 41-метра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон

88
(Таҷдидшуда 14:16 23.03.2020)
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ҳамин ҷо Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуд.

“Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 41 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад”, - таъкид доҳтааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон, дар ҳамин замина роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин деҳот дар масофаи 2,5 километр аз ҷониби роҳсозони “Тоҷроуд” асфалтпӯш карда шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳаракати пиёдагардон ҳамзамон роҳравҳои ду тарафи роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот тамоми сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи табрик гуфта, ифтитоҳи иншоотро барои мардум муборакбод намуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони 80 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва аллакай 20 адади онро ба истифода додаанд.

88
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, парчам, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон