Эмомали Рахмон открыл школу

Маркази хизматрасонии "Азизи дил": аз ҷониби соҳибкор бо дастгирии кишвардор сохта шуд

95
(Таҷдидшуда 14:41 23.03.2020)
Маркази нави хизматрасонь аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов дар доираи дастгирии Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯзи 23 март, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии "Азизи дил"-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия ширкат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 — 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.

"Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст, дар саҳни ҳавлии маркази хизматрасонӣ ба хотири ободу зебо кардани иншоот шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд шудааст, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи корхона ва боздид аз гӯшаи табиат

Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо кардааст.

Манбаъ афзуда, ки занону бонувон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ оростанд.

95