ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаҳои ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистонро рад кард. Ба гуфти ин ниҳод то имрӯз дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд".
Манбаъ афзуда, ки то 23 марти соли равон сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Вазорат иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.
"Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд", - омадааст дар хабарнома.
Ин ниҳод мегӯяд, тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтааст то шаҳрвандони аз хориҷ ба Тоҷикистон воридшуда муддати дар карантин қарор доштаашонро дар шароити хуб сипарӣ намоянд.
"Аз ҷумла, то санаи зикргардида дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 1-и пойтахт (якум советский) 369 шаҳрвандоне, ки аз якчанд кишвари хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Тамоми шароит ва имконоти мусоид дар маркази тиббии мазкур барои нафарони ба карантин фаро гирифташуда муҳайё гардидааст"
Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон дар паибаргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздошти марди 27-солаи сокини шаҳри Исфара, хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мард, ки соли 2012 бо моддаи 104 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, санаи 14-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар бозори марказии шаҳри Исфара аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ҷавони 21-солаи сокини шаҳри мазкур ва падараш марди 44-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба дасту пои ҷавони 21-сола ва 1-маротиба ба пои падари ӯ задааст", - омадаатс дар хабарнома.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.
Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.
Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?
Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).
Бекорӣ аз байн меравад? Амонзода дар саросари ҶТ ярмаркаи ҷойи кори холӣ ташкил мекунад
Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар асоси маҷмӯи беморони вируси COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.