ВУХ аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

© Sputnik / © Sputnik / Григорий СысоевПограничник. Архивное фото
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баста шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар медиҳад.

Афганский медработник проверяет температуру пассажира в качестве профилактической - Sputnik Тоҷикистон
“Рӯбӯсӣ накунед!” Як гирифтор, бастани марз бо Эрон ва эълони вазъи изтирорӣ

Бар хабари котиботи ВУХ, тасмими баста шудани фаъолияти гузаргоҳҳо сар имрӯз, 24 - уми март ба ҳукми қонунӣ медарояд. Гуфта мешавад ин тасмим да робита ба эълон шудани пандемия ва авҷи маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон ба назар гирифта шудааст.

Коршинос: бастани марз бо Афғонистон марзнишинонро бечора мекунад

Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад.

Қобили зикр аст, ки ба далели хуруҷи ин маризӣ дар ҷаҳон кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мисли дигар давлатҳо, сарҳадашонро маҳкам намуданд.

Маризии даҳшатбори коронавирус феълан дар Тоҷикистон зуҳур накардааст, аммо дар кмишварҳое, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонин маризӣ аллакай хуруҷ кардааст ва теъдоди сироятёфтагон дар ҳоли афзоишанд.

Лентаи хабарҳо
0