Птицеводческое предприятие Равис – птицефабрика Сосновская в Челябинской области

Тавлиди гӯшти мурғ бештару гусфанду гов камтар шуд

174
(Таҷдидшуда 20:34 24.03.2020)
Дар ду моҳ беш аз 20,3 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд тавлид шуд, аммо назар ба дигар моҳҳо дар ин миён истеҳсоли гӯшти мурғ афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар 2 моҳи аввали соли 2020 ҳаҷми тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон 4 баробар афзойиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.

Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-феврал дар кишвар беш аз 4,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,4 баробар афзойишро нишон медиҳад.

Дар зимн, бар асоси додаҳои вазорати рушди иқтисод ва бозаргонӣ, Дар ин муддат ҳаҷми тавлиди гӯшти гову гӯсфанд 2,8 дарсад коҳиш ёфт. Дар ду моҳ беш аз 20,3 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд тавлид шуд.

Имсол Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми тавлиди гӯштро ба 245 ҳазор тонна бирасонад.

Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

174
Рахимзода посетил семью Эмомовых

Ҳадяи хотиравии Аҳмадзода ба хонаводаи Эмомовҳо

17
(Таҷдидшуда 17:14 03.08.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз хонаводаи аз хонаводаи Эмомовҳо боздид карда ба онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд.

Манбаъ афзуда, ки оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.

"Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард", - омадааст дар хабарнома.

Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.

17
Барчаспҳо:
ҳадя, кумак, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз боздошти ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

20
(Таҷдидшуда 17:18 03.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

20