Пассажиры в защитных масках

Омодабош: Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус волонтёр меҷӯяд

963
(Таҷдидшуда 13:49 27.03.2020)
Барои таъсиси гурӯҳи волонтёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мехоҳанд барои мубориза бо коронавирус волонтёронро ҷалб кунанд. Ин масъаларо масъулин дар рафти нишасте дар мавзӯи коронавирус баррасӣ карданд.

Ҳамин тавр, Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон супориш додааст, ки  дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи волонтёрон ҷиҳати пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таъсис дода шавад.

Барои таъсиси гурӯҳи волонтёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз он ки то имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо барои дар ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта бояд муассисаҳои тандурустӣ ҳамаҷониба ба он омода бошанд.

Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.

963
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

6
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

6
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

136
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

136
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон