Московский рынок Садовод, архивное фото

Муҳоҷирон бекор монданд: дар Маскав бузургтарин бозору марказҳои савдо баста мешаванд

819
Ба хотири паҳн нашудани коронавирус дар шаҳри Маскав ва ҳумои он тамоми бозору марказҳои савдо баста мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Тибқи қарори Сергей Собянин,  раиси шаҳри Маскав аз санаи 28 март то 5 апрели соли равон дар пойтахт ҳамаи мағозаҳо, ғайр аз мағозаҳои хурокворӣ, дорухонаҳо, қаҳвахона, тарабхонаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва сартарошхонаҳо баста мешаванд.

Тибқи иттилои рӯзномаи “Ведомости” дар пойтахти Русия тамоми бозорҳо баста мешаванд.

Ба ин тартиб ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар бузургтарин бозорҳои Маскав, ки фаъолият мекунанд, бекор мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи ширкатҳои “Ташир” эълон кардааст, ки аз 28 то 5 марти соли равон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тамоми марказҳои савдову фароғатӣ дар пойтахти Русия ва ҳумои он, ки ба ин ширкат таалуқ доранд баста мешаванд.

Инчунин, дар шаҳри Маскав маркази савдои “Смоленский Пассаж”, “Петровский пассаж”, “Калужский”, “Калейдоскоп”, “Фестивал”, ки корпоратсияи А.Н.Д. таалуқ дорад баста мешаванд.

Ҳамчунин ду бозори бузурги шаҳри Маскав “Садовод” ва “Люблино” низ барои як ҳафта дарҳои худро мебанданд.

819
Барчаспҳо:
паҳншавӣ, вирус, бастан, маркази савдо, бозор, Маскав, Русия, муҳоҷирон
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

66
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

66
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Дурӯғ аст: пизишкони тоҷик қайчӣ шудани маошашонро такзиб карданд

131
Кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон мактубе навишта, иддаоҳоеро, ки музди корашон қайчӣ мешавад, такзиб кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ мактуби саркушодае навиштаву иддаоҳои бархе нафаронеро, ки худро пизишк муаррифӣ карда, аз кам шудани маошашон дар давраи пандемия хабар медоданд, такзиб кардаанд.

Пизишкон изҳор доштанд, ки маълумотҳо дар бораи ба 300 сомонӣ кам шудани маоши кормандони соҳаҳои тиб ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳо паҳн мешавад, аз ҳақиқат дур аст. 

Ҳамчунин аз ҳисоби духтурону ҳамшираҳои шафқат дезинфексия шудани муассисаҳои тиббӣ ва харидории либоси муҳофизатиро дурӯғ гуфтаанд.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Дар ин мактуб онҳо хабар додаанд, ки маоши кормандони тиб аз 840 то 1277 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Табибон афзудаанд, ки афзун бар ин, иловапулиҳо низ пардохт мешаванд.

Дар моҳи Рамазон бошад, аз ҷониби саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расидааст.

131