Ҷашнҳои рӯзи 29 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 29 марта
День 29 марта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту ҳаштуми март дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон ва дар Русия Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад

Рӯзи 29 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1943 дар ИМА барои фурӯши гӯшт, равған ва сир меъёр муқаррар карда шуд.

Соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон  (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд.

День 28 марта - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 28 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 29 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1929 Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд.

Соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.

Соли 2010 дар Тоҷикистон Бонки хурди молиявии «Accessbank Tajikistan» таъсис ёфт.

Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи атмосфера»-ро баррасӣ намуд.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвазири вақт Оқил Оқилов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъйин гардидааст, тақдим намуд.

Соли 2010 Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум ба имзо расид.

Соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани  навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.

Соли 2011 Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 март

  • Дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон.
  • Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия.
Лентаи хабарҳо
0