Традиционный турнир бузкаши в кишлаке Чавал

Сабаб коронавирус?: мусобиқаи бузкашӣ садҳо човандозу тамошобинро бенасиб кард

1147
(Таҷдидшуда 21:49 29.03.2020)
Садҳо човандозу тамошобин аз деҳоти шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Истаравшан барои иштирок дар мусобиқаи бузкашӣ ба деҳаи Далёни Боло рафтанд, аммо барои баргузории ин чорабинии наврӯзӣ иҷоза дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бо сабаби баргузор нашудани бозии бузкашӣ, имрӯз садҳо човандоз тамошобин холӣ ва бе таасурот аз сойи деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Манобеъи Sputnik мегӯянд, дар ҳоле, ки барои баргузории ин мусобиқаи наврӯзӣ, масъулин ва сокинони ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Деваштич чанд вақт омодагӣ медиданд, вале аз идораи човандозӣ ва аспдавонии ноҳия монеаи баргузории он шудаанд.

Сабаби манъи маъракаи бузкаширо масъулин ба хотири пешгирӣ аз эҳтимолияти паҳни маризии коронавирус шарҳ додаанд.

"Имрӯз сойи деҳаи Далёни Боло пур аз аспу човандозону тамошобинон буд. Човандозон ҳатто аз ноҳияҳои Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан ташриф оварда буданд. Аммо баъди интизориҳои зиёд ба иштирокчиён гуфтанд, ки мусобиқаи бузкашӣ баргузор намешавад. Аз ин хотир ҳама холӣ ба хонаҳояшон баргаштанд", - гуфт як тамошобин аз Далёни Боло.

Иштирокчиёни мусобиқаи бузкашӣ мегӯянд, ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи имсол инчунин чорабиниҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шудааст, вале ба чи далел масъулин барои баргузории мусобиқа дар деҳаи Далёни Боло иҷоза надодаанд барояшон ҳанӯз норавшан аст.

Ахиран рӯзи 23-уми март дар шаҳри Кӯлоб, 25-уми март дар шаҳри Душанбе ва рӯзи 28-уми март дар ипподроми ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар ноҳияи Б. Ғафуров мусобиқаи бузкашӣ ва асптозӣ ба истиқболи Ҷашни Наврӯз-2020 баргузор шудааст.

1147
Барчаспҳо:
лағв, бузкашӣ, Тоҷикистон
День 29 мая

Ҷашнҳои рӯзи 29 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

6
(Таҷдидшуда 20:45 28.05.2020)
Рӯзи бисту нуҳуми май дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи модар таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчунин рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, буда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад

Рӯзи 29 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

День 28 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1964 Никита Хрушов эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

Соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи 29 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

Соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки муҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

Соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

Сли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 май

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.
  • Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия.
  • Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
6
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото

Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонашбоз мондааст?

293
(Таҷдидшуда 17:33 28.05.2020)
Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Мудири идораи ҳамлу нақли заминии Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон Фарух Неъматзода гуфтааст,  ба далели шуюи Корона фақат 7 гузаргоҳи ҳамлу нақли байналмилаллӣ дар ин кишвар бозаст.

Ба нақл аз сомонаи "Парс тудэй", Фарух Неъматзода ин матлабро дар нишасти видио канфронсии интиқоли байналмилаллии коло дар шароити густариши Корона эълон кард.

Вай дар ин нишаст,ки бо талоши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо баргузор шуд гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир аз 19 гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо Узбакистон фақат 3 гузаргоҳ фаол аст.

"Ҳамчунин дар марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду гузаргоҳ ва Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон ҳам як гузаргоҳ боз аст", - афзудааст вай.

Ин мақоми Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон таъкид кард,ки аз тамоми ронандагони мошинҳои боркаш ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон озмоиши Корона гирифта мешавад ва дар сурати доштани алоими бемори карантина мешаванд.

Тоҷикистон дар пайи таҳдиди паҳншавии коронавирус ҳанӯз аввалҳои моҳи апрел гузаргоҳҳои марзиро баста буд.

293