Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Ду фармони Раҳмон: вакилони ҳар ду парлумони кишвар ба ҷаласаи аввал даъват шуданд

1780
(Таҷдидшуда 11:27 30.03.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон фармони дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум содир кард

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомоалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ба имзо расонд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи фармони мазкур, ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум санаи 17 апрели соли равон соати 15-00  дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамзамон Эмомали Раҳмон бо фармони дигар вакилони нави парлумонро ба иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъват кард.

Тавре дафтари матбуоти аисҷумҳур қайд кардааст фармон дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум субҳи имрӯз аз ҷониби Президентти кишвар ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум санаи 17 апрели соли 2020 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

1780
Барчаспҳо:
Маҷлис, парлумон, даъват, Раисҷумҳур, Тоҷикистон
Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: ду мусофири "Тайота - Карола" ҷон бохтанд

33
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад, ки ба ҳалокати ду мусофири автомашинаи "Тайота - Карола" анҷомид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Садамаи маргбор дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ"  дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рух дод, хабар медиҳад котиботи ВУД Тоҷикистон.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Ба иттилои манбаъ, садамаи мазкур рӯзи 5-уми август, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа ба вуқӯъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Нуриддинов Шуҳрати 32 - сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Карола", таҳти идораи Муродов Иброҳими 37 - сола сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи "Тайота - Карола" Қамишев Нуриддини  54 - сола ва Эмомқулов Алиҷони 28 - сола аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра" ва мусофираш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

33
Барчаспҳо:
ҳалок, мусофир, мошин, садама, роҳ
Парламентские выборы в Таджикистане

Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

343
(Таҷдидшуда 12:26 06.08.2020)
Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории ҷаласасаи навбатии порлумони кишвар дақиқ шуд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад, хабар дод Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи парлумон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, бар асоси қаророри қабулгашта интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, иҷлосия таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Дар пайи қабули қарори баргузории интихоботи президентӣ ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ метавонанд номзадҳои худ ба курсии президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, интихоботи пешини сарвари давлати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда буд.

Муҳлати резидентӣ дар Тоҷикистон  7 сол аст.

Президенти кунунии ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 1994 инҷониб дар ин вазифа аст.

343