Эмомалӣ Раҳмон. акс аз бойгонӣ

Фармонҳои Эмомали Раҳмон: таъйини сафирони Тоҷикистон дар Фаластин, Исроил ва Индонезия

1083
(Таҷдидшуда 19:51 01.04.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармон сафирони Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия ва Малайзияро таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон сафирони Тоҷикистонро дар се кишвр таъйин намуд.

Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшоро  ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар давлати Фаластин таъин кард.

Раҳмон баъди гирифтани розигӣ 7 фармони таъйину барканориро имзо кард

Ҳамчунин бо фармони раисҷумҳур масъулияти Имомӣ Содиқ Ашурбойзода низ дучанд шуд. Зеро номбурда акнун дар баробари сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон будан, ҳамчунин сафири фавқулодда ва мухтори дар Исроил низ баргузида шуд.

Гузашта аз ин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Малайзия Қодирӣ Ардашер ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин гардид.

1083
Барчаспҳо:
сафир, Эмомалӣ Раҳмон, фармон
Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото

Интихоботи президентӣ: Ҳизби аграрӣ ҳам номзад пешниҳод мекунад

13
(Таҷдидшуда 19:35 13.08.2020)
Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии худро даъват кардааст, то номзади худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод кунад

Душанбе, 13 август - Sputnik. Рустам Латипов, раиси Ҳизби аграрӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин анҷуман қарор аст соати 09:00 – и рӯзи шанбе, 15 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад.

"Мо ҳудуди 130 намояндаи худро аз шуъбаҳои Ҳизби аграрӣ дар саросари кишвар даъват кардаем. Ду масъала дар рӯзномаи маҷлис аст. Яке, ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ ва дигаре, пешниҳоди номзад", - гуфт Рустам Латипов.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 таъсис ёфта, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ ширкат кардааст.

Дар интихоботи президентии соли 2006 номзади ҳизб раиси он Амир Қароқулов буд, ки бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон, 5,2 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд.

Таъйини интихобот ба рӯзи 13 сентябри соли 2020

Дар интихоботи президентии соли 2013 Ҳизби аграрӣ номзадии Толиббек Бухориев, муовини раиси ҳизбро пешниҳод кард, ки 4,61 дарсад раъй гирифт.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад. То ба ҳол ҳеҷ як аз номзадҳо маълум нестанд.

13
Барчаспҳо:
ҳизб, чор ҳизб, Тоҷикистон, интихобот
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

127
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

127
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон