Пешгирӣ аз вируси корона: 20 ширкати тоҷикӣ ба тавлиди ниқоби тиббӣ оғоз карданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЗапуск производства тканевых масок
Запуск производства тканевых масок  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зарфияти тавлиди шаборӯзии ширкатҳо 150 ҳазор дона ниқоби тиббӣ буда, ҳоло дар як шаборӯз 40-50 ҳазор дона ниқоб тавлид мегардад

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. 20 корхонаи Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиоложии мардуми кишвар тавлиди ниқобҳои тиббӣ ва дигар воситаҳои муҳофизаиро оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.

В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши якбораи теъдоди маризони коронавирус дар Русия

Бино ба иттилоъи вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, бо таваҷӯҳ ба вазъияти изтирорӣ дар ҷаҳон дар пайи паҳншавии пандемияи COVID-19 ва пешниҳодҳои СҶБ иқдоми иловагии беҳсозии коронавирус амалӣ мегардад.Зарфияти тавлиди шаборӯзии ширкатҳо 150 ҳазор дона ниқоби тиббӣ буда, ҳоло дар як шаборӯз 40-50 ҳазор дона ниқоб тавлид мегардад.

Иилова бар ин, дигар воситаҳои муҳофизаӣ, аз ҷумла, пӯшокҳои вижаи муҳофизаӣ, пӯшокҳои пизишкӣ, дока ва ғайра тавлид мешаванд.
Дар зимн, ширкатҳо бо ҳадафи таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиоложӣ дар кишвар ҳамкорӣ бо вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоъиро роҳандозӣ кардаанд.

Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба наздики як миллион нафар расид

Пештар Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар Тоҷикистон вируси корона ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, чораҷӯиҳои пешгирикунанда пурзӯр карда мешаванд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, то имрӯз аз 6272 нафар 2359 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3913 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар дар қарантина қарор доранд.

Ҳамчунин вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бори дигар таъкид доштааст, ки то имрӯз, 2 апрели соли равон дар кишвар сироят  ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0