День 3 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 3 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

96
(Таҷдидшуда 13:35 03.04.2020)
Рӯзи сеюми апрел дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ, дар Амрико Рӯзи Сир ва дар Тайван Рӯзи модару кӯдак ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 3 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1932  ҷарроҳи рус Ю. Вороной дар ҷаҳон нахустин ҷарроҳии ҷобаҷогузории гурдаро гузаронид.

Соли 1976 дар Франсия нахустин маросими супоридани ҷоизаи "Сезар" дар самти дастовардҳо дар соҳаи кино баргузор гардид.

Рӯзи 3 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1930 дар Сталинобод корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуд.

Соли 1931 Муассисаи давлатии бойгонии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заводи Алюминии тоҷик (ТадАЗ) ба Корхонаи давлатии унитарии  "Корхонаи алюминии тоҷик" тағйири ном кард.

Таджикский алюминиевый завод, архивное фото
Официальный сайт ТАЛКО
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото

Соли 2014  дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфтанд.

Соли 2015 дар Душанбе рӯнамоӣ ва азнавбақайдгирии барномаҳо барои Маркази касбии омодасозии кадрҳои Ассотсиатсияи байнахалқии "АВВАТ" ва ҳамчунин ифтитоҳи ин Марказ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст,  гузаронида шуд.

Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург  ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 апрел

  • Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ.
  • Рӯзи Сирк дар ИМА.
  • Рӯзи модару кӯдак дар Тайван.

Рӯзи 3 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1937 – доктори илмҳои геологӣ, профессор Далер Почоҷонов.

Соли 1940 – профессор, доктори илмҳои физико-математика Темур Собиров.

Соли 1947 – доиразанӣ хизматнишондодаи Тоҷикистон Исҳоқ Гулкоров.

Соли 1950 – рӯзноманигор Садриддин Ҳасанзода.

Соли 1956 – шоир Абдусамеъ Қуддус.

Соли 1961 – ҳофиз Саъдӣ Қаландар

96
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

21
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

21
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

329
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

329
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон