Ҳаво, акс аз бойгонӣ

Партови 390 тон ифлосӣ ба ҳаво - ҷарима 13 ҳазор сомонӣ: Раҳмон ин пулро хеле ночиз хонд

2240
(Таҷдидшуда 20:13 03.04.2020)
Корхонаи сементбарорӣ дар шаҳри Ваҳдат тайи се сол беш аз 390 тонна маводи зарароварро ба ҳавои атмосфера партофт, аммо пардохтҳое, ки барои ин қонуншиканӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамагӣ 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳаҷми пардохтҳоеро, ки барои нақзи қоидаҳои экологӣ дар кишвар пешбинӣ шудаанд, хеле ночиз хонд.

Ӯ корхонаи сементбарории “Ганҷ-2000” -и шаҳри Ваҳдат мисол овард, ки хилофи талаботи технологӣ ва меъёрҳои экологӣ бидуни истифодаи таҷҳизоти ҳавотозакунӣ кор кардааст.

Ин корхона ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон тайи солҳои 2017,2018 в 8 моҳи 2019 ба ҳаво 390 тонна маводи зарароварро партофтаст, аммо ҳаҷми пардохтҳо барои ин қонуншиканӣ тибқи меъёрҳои мавҷуда ҳамагӣ 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки пардохтҳо барои нақзи қонунҳои экологӣ партови маводи зараровар ба ҳаво хеле ночизанд ва ин яке аз мушкилоти соҳа мебошад.

Тавре додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ иттилоъ дод, соли 2019 иҷрои қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зистро санҷида, камбудиву қонуншикании зиёд ошкор шуданд. Нашрияи парлумониии “Садои мардум” аз қавли Юсуф Раҳмон иттилоъ дод, ки дар пайи санҷишҳо 135 (соли пешӣ - 110) амр, 94 (83) пешниҳод ва 108 (94) эътироз оварда, 1662 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шудаанд. Инчунин, нисбат ба гунаҳгорон 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.

2240
Барчаспҳо:
партов, экология, Тоҷикистон
Город Душанбе, архивное фото

“Мавҷи дуюм”–и шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон: мешавад ё не?

472
(Таҷдидшуда 15:18 30.05.2020)
Коҳиши якбораву ғайримунтазираи гирифториву фавт аз “вируси корона” дар Тоҷикистон гуфтугузорҳо дар бораи “мавҷи дуюм” – и шуюъи ин маризиро афзуда, идомаи қарантинаи эъломношуда мақомот ва сокинонро дудила кардааст

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik, Фахриддин Холбек. Бар оташи дудилагиҳои ҷомиаву мақомоти Тоҷикистон ин воқеиятҳо равған мерезанд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ иттифоқоти ғайримунтазирае дар ҷараёнанд.

Аз ҷумла Чин, хостгоҳи "вируси корона" ва аввалин кишваре, ки озодиашро аз ин маризӣ эълон кард, дубора аз шуюъ ва ҳатто қарантинаи ҳудуди 100 миллион нафар хабар дод. Ӯзбекистон, ки ба назар мерасид, корзорҳои зидди "вируси корона" – ро ба охир расондааст, дигарбора шоҳиди мавориди ҷамъии гирифторӣ дар қаламраваш шуд ва қарантинаи саросариро тамдид кард.

Таҳаввулоти ҷолибтареро ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Афғонистон таҷриба мекунад, ки 24 феврал, тақрибан 20 рӯз қабл аз Ӯзбекистон аввалин мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро сабт карда буд. Ҳатто теъдоди гирифторон дар Афғонистон, ки то 1 май бамаротиб камтар аз Ӯзбекистон буд, ҳоло марзи 13,5 ҳазорро гузашта, нозирони аҳвол дар кишвар аз як фоҷиаи сиҳӣ суҳбат мекунанд.

Зоҳиран, ин таҳаввулот мақомоти зидахл ва мутахассисини Тоҷикистонро ба андеша водор кардааст ва касе пешбинӣ карда наметавонад, ки оё "мавҷи дуюм" шуданист ё хайр? Суоли беҷавоб Ҳакима Ахмедова, сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар гузашта мудири шуъбаи риёшиносии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мавзуъро бо мутахассисони кишварҳое, ки таҷрибаи бештари мубориза бо "вируси корона" – ро доранд, аз қабили Русия, Амрико, Чин ва дигарон матраҳ карда, аммо посухи дақиқ нагирифтаанд.

"Дуюм чизе, ки ҳоло таҳти омӯзиш қарор додаем, онҳоеанд, ки як бор мариз шуда, сиҳат ёфтаанд, аммо чанд рӯз пас дигарбора тасф кардаанд. Чаро чунин шуд? Оё табобат ниҳоӣ нашудааст, ё чӣ? Ба мо ҳадди ақал аз ҳамчунин як маврид гузориш шудааст. Аммо дар умум ҳеҷ далеле барои пеш омадан ё наомадани "мавҷи дуюм" надорем. Намешавад гуфт, ки кай ва чӣ тавр мешавад", - гуфт Ҳакима Ахмедова.

Намуна Мустафоқулова, мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мегӯяд, гирифторӣ ба "вируси корона" вобаста ба масъуният ё иммунитети одам аст. Ӯ дар мисоли маризии диққи нафас мегӯяд, ҳеҷ гоҳ наметавон гуфт, ки ин маризӣ низ сад дар сад сиҳат меёбад, зеро боз дар ҳоли тамос бо барангезандаи худ аз нав хуруҷ хоҳад кард.

"Вируси корона" – ро ҳатто одамони солим доранд

Аммо агар масъунияти ин афрод ҳам паст шавад, аз гирифторӣ ҷои фирор надоранд. Мисоли дигар, сил маризии гузаранда аст ва ба онҳое мегузарад, ки масъунияти паст доранд. Вақте Шумо бозор рафта, сабзавот, мева ё чизҳои дигарро харидорӣ мекунед, аз куҷо медонед, ки дар онҳо "чӯбчамикроби Кох" – барангезандаи сил нест?

Эҳтимоли сироятёбӣ ҳама ҷо вуҷуд дорад. "Вируси корона" ҳам чунин аст. Аз ин хотир, устуворона гуфтани ин, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" мешавад ё намешавад, гапи беҳуда аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Чашм нарасад...

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатони мо, ки мустақим дар мудирияти буҳрони "вируси корона" дар Тоҷикистон саҳм доранд, инро, ки дар шифохонаҳо теъдоди маризон коҳиш меёбад, таъйид мекунанд. Оморе, ки вазорати тандурустӣ дар бораи гирифториву фавт ва шифоёбии маризон ҳамарӯза дар ихтиёри ҷомиа мегузорад, низ ривоят аз дурнамои хушбинонае дорад.

Теъдоди мавориди мусбат, ба гунаи мисол, аз 204 мавриди 20 май ба 123 мавриди 29 май поён омада, то ба имрӯз аз 3686 гирифтори ин маризӣ дар кишвар 1769 кас шифо ёфта, 47 нафар ҳам фавтидаанд ва 1870 нафар ҳанӯз таҳти табобатанд. Тибқи омор, 29 май 331 нафар шифохонаҳоро тарк кардаанд ва агар ин тамоюл идома кунад, рӯзҳои башуморе мондаанд, ки дар шифохонаҳои Тоҷикистон маризе боқӣ намонад.

Ҳакима Аҳмедова мегӯяд, эҳтимол дорад то ҳафтаи дигар тамоми шифохонаҳои кишвар холӣ шаванд ё теъдоди хеле касире аз маризон дар онҳо боқӣ монанд, аммо ин анҷоми кор нахоҳад буд, то худи ибтило ё маризшавӣ анҷом наёбад ва ин худ як марҳалаи дурудароз аст.

"Чашм нарасад, ҳоло гирифторӣ якбора кам шуд. Вақте шифохонаҳо охирин маризро ҷавоб доданд, онҳое, ки мегӯянд, дар хонаҳои худ табобат меёбанд, ҳамагӣ ба по шаванду дигар касе мариз нашавад, вазорат ҳам пас аз ба даст овардани омор пурра хотирҷамъ шавад, он замон бо назардошти вазъи тамоми кишвар метавонем гӯем, ки маризӣ аз миён рафт. Аммо чанд моҳи дигар ҳам бояд мунтазир бошем, ки дар маризон аломатҳои "вируси корона" зоҳир мешавад ё не. Маҳз он замон мешавад мутмаин шавем, ки дигар 100% вирус нест", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Дойра зада, рақс кунед

Дар ҳоле, ки коршиносон коҳиши теъдоди маризонро аз байн рафтани "вируси корона" дар Тоҷикистон арзёбӣ намекунанд, суст кардани лаҷоми тадобирро низ ба маслиҳат намедонанд, балки мегӯянд, дар қиёс бо гузашта ҳушёртар бояд буд.

Намуна Мустафоқулова мегӯяд, бархӯрди инфиродӣ мебояд, зеро аз як сӯ, ҳама гирифтор намешавад, чун ҳудуди 70% - и инсонҳо иммунитети қавӣ доранд, аз сӯи дигар, агар инсон маризиҳои сил, камхунӣ, қанд, диққи нафас, дил ва ғайра дошта бошад, замонати гирифтор нашуданаш нест.

"Ҳама аз худи инсон вобаста, ки то куҷо осебпазир ҳаст ё нест. Ба қавли Ибни Сино, ҳама чӣ ба мизоҷи инсон бастагӣ дорад. Тасаввур кунед, ки шуюъ ё "мавҷи дуюм" ҳам иттифоқ афтад, боз кӣ осебпазир хоҳад буд? Боз ҳамон афроде, ки ҳамеша осебпазир буданду ҳастанд. Мантиқан, вазъ ҳамон гуна боқӣ мемонад, ки қаблан ҳам буд", - гуфт мудири кафедраи маризиҳои дарунии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Ин мутахассиси тоҷик мегӯяд, "вируси корона" ё COVID – 19 маризии кушанда ё табобатнашаванда нест ва онҳое, ки мефавтанд, ё сахт ба воҳима дода мешаванд, ё маризиҳои ҳамроҳ доранд.

"Замоне, ки дар Бухорову деҳоти атрофаш вабо меояд, ба назди Абӯалӣ ибни Сино мераванд, ки чӣ кор кунем? Аввалин, маслиҳаташон ин буд, ки гуфтанд, равед, рӯи бомҳо бароед ва дойра зада, рақс кунед. Чаро? Он кас хуб мефаҳмиданд, ки аввал руҳияи мардумро бояд бардошт. Руҳафтодагиву яъс масъунияти мардумро паст ва организми онҳоро заифу осебпазир мекунад. Ман 100% бо итминон ба Шумо мегӯям: нисфи маризон аз воҳима мефавтанд. Воҳима як чизи хеле хатарнок аст", - гуфт Намуна Мустафоқулова.

Кор тамом нашудааст

Дар ҳамин ҳол, воқеияти дигаре, ки мутахассисонро нороҳат кардааст, дар пайи коҳиши гирифториву фавт ва холӣ шудани шифохонаҳо ба кӯчаҳо рехтани мардум аст. Ҳакима Ахмедова мегӯяд, ҳукумат ба хотири корҳои профилактикӣ ҳар ҷоеро, ки зарур буд, баст ва ҳоло мардум бояд мувозиби ҳоли худ бошанд, ки дигарбора балоро ба сари худ наоранд.

"Имкон надорад, ки ҳар касро аз дасташ дошта бигӯӣ, хона даромада, шин! Маданияти тиббии мардум бояд баланд бошад ва дарк намояд, ки дар чунин ҳолатҳо бояд чӣ гуна рафтор кунад. Ҳар кас бояд фикри худашро кунад. Агар ҳама хуб буд, он маҳдудиятҳое, ки аз сӯи ҳукумат ҷорӣ шуда буданд, бардошта мешуданд. Чун бардошта нашудаанд, бояд дарк кард, ки кор ҳам тамом нашудааст", - гуфт сармутахассиси бемориҳои шуши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.

Ин ду мутахассисе, ки дар соҳаи тандурустӣ таҷрибаи ғанӣ ва дар мудирияти буҳрони "корона" саҳм мегиранд, мегӯянд, ҳамоно мардум гигиенаву фосилаи иҷтимоиро бояд риоя кунанд ва аз ахбор ба таври худ хулоса карда, тасмим нагиранд.

472
Барчаспҳо:
вируси нав, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон сафари серӯзааш ба Хатлонро дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара натиҷагирӣ кард

118
(Таҷдидшуда 14:53 30.05.2020)
Имрӯз дар ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафари серӯзаашро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Президент зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Хатлон гуфт, ҳукумати кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарани саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум талош хоҳад кард.

“Ҳоло дар ҳудуди вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст”, таъкид дошт раисҷумҳур.

Инчунин вай афзуд, дар даҳ соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

“Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон вай афзуд, ки новобаста аз ин вилояти Хатлон аз иқтидорҳои мавҷуда ҳанӯз ба таври кофӣ истифода накардааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлонро вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешанд ва бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Манбаъ қайд намудааст, ки вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дод, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди тамоми соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Ҳамчунин роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, барои рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, инчунин, доир ба барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки 92 дарсади нерӯи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд.

Ба ҳамин хотир раисҷумҳур вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор кард, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

“Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла сабзавот 34 фоиз шудааст, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест”,- гуфт Раҳмон.

Инчунин президенти кишвар таъкид дошт, ки иқтидори содиротии вилоят то ба ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда аст ва масъулин барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дод, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

118
Барчаспҳо:
натиҷагирӣ, Хатлон, Данғара, мулоқот, вилояти Хатлон, роҳбар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Шаҳраки хитоӣ дар Хуҷанд: дар баҳорон ҳам “ях” аст

Шаҳраки хитоӣ дар Хуҷанд: дар баҳорон ҳам “ях” аст

0
Панҷ сол аст, ки лоиҳаи сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд “ях” бастааст. Якуним ҳазор метри мураббаъ замине, ки бояд дар он шаҳраки нав бунёд мешуд, тули ин солҳо шабеҳи як партовгоҳе аст, ки бӯи бади он, ҳавои атрофро олуда мекунад

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Сокинони хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд мегуянд, ба ин умед буданд, ки мақомот бо ваъдаи тахриби манзилҳояшон, бо бунёди биноҳои наву замонавӣ дар ободии ин маҳалла ҷаҳд мекунанд. Аммо бо гузашти панҷ сол, маълум мешавад, ки ҳеҷ чиз дар ин маҳалла тағйир наёфта, балки аз пештара дида, ҳоло онҳо ба як вазъи душвори экологӣ ру ба ру қарор гирифтаанд.

Муборак Мирахмедова, аз шумори сокинони маҳаллаи бо номи Раҳмон Набиев мегуяд онҳое, ки манзилҳояшонро хароб карда, замини онро бо умеди соҳиб шудан ба хонаҳои ошёнадори шаҳраки нав дар ихтиёри масъулини ҳукумат қарор доданд, панҷ сол аст, ки дар шароити ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд.

Якуним ҳазор метри мураббаъ замини аз ҳисоби тахриби манзили 32 хонавода мавҷуд буда, зимнан амсоли як “партовгоҳ” и боз аст. Ҳар кас ҳар вақте, ки хост партоваҳоро ба ин макон мепартояд ва бӯи ғализи он ҳамаҷойро олуда мекунад.

Тарҳе, ки солҳо боз ҳукумат бунёд карда наметавонад

Соли 2015 ҳукумати шаҳри Хуҷанд, он замон зери роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, (ҳоло раиси вилояти Суғд) ба 32 хонавода, сокинони хиёбони Раҳмон Набиев, воқеъ дар канори чапи руди Сир пешниҳод кард, ки замини иморатҳояшонро барои сохтмони шаҳраки нав ё ба истилоҳ “China tawn” ҳамвор кунанд. Бар ивази ин кор ба сокинон аз биноҳои навбунёди ин шаҳрак хонаҳои нави истиқоматӣ дода мешавад.

Қарори вобаста намудани 1, 5 ҳазор метр қитъаи замини аз ҳисоби манзили сокинон ба вуҷуд омда бо қарори раиси он вақтаи Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ба ширкати ширкати мутаалиқ ба шаҳрвандони Чин “Ҳусноро 1” вобаста карда шуд.

Лоиҳаи шаҳраки хитоӣ ва ё “Чайна тавн”, дар ин мавзеъи Хуҷанд иборат аз 7 комплекс биноҳои 12, 14, ва 16, ошёна ва сохтмони мактабу дигар иншооти иҷтимоиро дар назар дошт, ки дар маҷмӯъ, барои 1200 оила пешбинӣ мешуд.

Он замон гуфта мешуд, ки баъди ду сол қисмате аз корҳои сохтмониро “Ҳусноро 1” ба анҷом расонида, ибтидо ба сокинон, ки манзиҳояшонро хароб кардаанд, калиди ҳуҷраҳоро тақдим мекунад. То тақдими ҳуҷраҳои нав, яъне зарфи ду сол тибқи шартнома, масъулияти пардохти иҷорапулии сокинон ҳам бар души ин ширкат вогузор шуда буд.

Аммо бо ин панҷ сол сипарӣ мешавад, ки ин гурӯҳи сокинони Хуҷанд бехона монда ва дар шароити танги ҳуҷраҳои иҷоравӣ зиндагӣ мекунанд.

Як нафар аз шумори ин гурӯҳи сокинон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо даъвати ҳукумат, ночор дар қатори 31 хонавода манзили иборат аз ду ошёнаии худро, ки аз 9 хона иборат буд, вайрон кард, аммо инак панҷ сол мешавад, ки ҳамроҳ бо узви 11 нафари оилааш дар шароити танги ҳуҷраҳои иҷора зиндагӣ мекунанд.

“Панҷ сол мешавад, ки мо дар шароити ҳуҷраҳои иҷоравӣ бо азоб зиндагӣ мекунем. Дар як хонаи се ҳуҷрагӣ мо 11 нафар зиндагӣ мекунем. Ду соли пеш туйи хонадоршавии духтарамро ночор дар шароити танги иҷора барпо кардем. Ин барои ман хеле ташвишовар буд”, - таъкид намуд, ҳамсуҳбати мо.

Сокинони дигар ҳам, ки бо ваъдаи ҳукумат бовар карда замини иморатҳояшонро барои сохтмони шаҳраки қарор доданд, аз шароити танготанги ҳуҷраҳои иҷоравӣ то ҳол нигаронӣ мекунанд.

Ширкати сохтмонии “Ҳусноро 1 ”, ки моликони аслияш шаҳрвандони кишвари Чин мебошанд, соли 2015 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сабти ном шудаааст. Бар пояи иттилои расмӣ ин ширкат дар моҳи ноябри соли 2018 барҳам хурда ва ҳама муассисонаш, ки ба гуфтаи мақомот шаҳрвандони Чин, ба кишвари худ баргаштаанд.

Мавзӯъи таъхир дар сохтмони “шаҳраки хитоӣ” дар Хуҷанд дар поёни соли 2017 замоне расонаӣ шуд, ки мӯҳлати ваъдаҳои масъулини ҳукумату ин ширкати сохтмонӣ ба поён расиданд, аммо тавре дида мешавад кор дар ин самт ҳанӯз оғоз нагардид. Шартномае, ки мувофиқи ваъдаи ҳукумат миёни сокинон ва “Ҳусноро 1” баста шуду он бояд то ин замон амалӣ карда мешуд, ба иҷро нарасид.

Соли 2017 бо фармони раисиҷумҳур ба ҷои Раҷаббой Аҳмадзода, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Раҷаббой Аҳмадзода, аввал раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан дар моҳи марти соли 2018, раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.

Муроҷиати сокинони Гулистон ба Аҳмадзода барои кашидани хатти барқ ба маҳаллаҳои навбунёд

Ба ин тартиб мавзӯъи “яхбанди” и шаҳри чинӣ дар Хуҷанд ҳамеша дар нишастҳои матбуотӣ раиси навтаъин Маъруф Муҳаммадзодаро манзур медошт.

Рӯзи 18-уми майи соли 2018 ҳукумати Хуҷанд аз маҳалли гуфтугузори Муҳаммадзода бо сокинони хиёбони Раҳмон Набиев бо нашри чанд акс дар саҳфаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз оғози корҳои ҳамворкунии замин аз ҷониби сохтмончиҳои ширкати "Ҳусноро-1” хабар дода буд, вале бо гузашти инак се сол собит мешавад, ки қарор ва тарҳи бунёди шаҳраки нав дар Хуҷанд муаллақ боқӣ мондааст.

Муҳаммадзода қарори Аҳмадзодаро бекор кард, аммо чаро ҳеҷ чиз тағйир наёфт?
Ахиран рӯзи 23 уми июли соли 2019, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз гашти нав дар сохтмони “шаҳраки чинӣ” хабар дод.

“Он қарори раиси шаҳри Хуҷанд (Раҷаббой Аҳмадзода) оиди ҷудо кардани замин 1, 5 ҳазор метр қитъаи замин ба ширкати “Ҳусноро-1” бекор карда шуд. Чун, ки то қарори пешинаро мо бекор накунем, иҷозаи сохтмон карданро дода наметавонем. Заминаи қарори нави раиси шаҳр барои ҷудо намудани замин, барои бунёди бинои истиқоматии дувоздаҳошёна ба Идораи сохтмони асосии шаҳр таҳия шуда ва рӯзҳои наздик он ба имзо мерасад”, гуфта буд, Муҳаммадзода раиси Хуҷанд.

Бино ба ин таъкиди Муҳаммадзода, аз соли 2019 масъулияти сохтмони бинои истиқоматӣ ба зиммаи ҳукумат вогузор шуда ва баъди бекор шудани 1, 5 ҳазор метр қитъаи замин аз мувозинати “Ҳусноро-1” масъулияти пардохти хонаи иҷроравии сокинон ҳам ба зимаи ҳукумат вогузор шуд.

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд пештар сабаби ба иҷро нарасидани сохтмони шаҳраки навро аз кашолкориҳои ҳампаймони қаблии худ, яъне “Ҳусноро-1” шарҳ медод. Вале, ин ки ҳоло худи ҳукумат масъулияти сохтмони ин тарҳро бар уҳда дорад, дақиқ гуфта наметавонад, ки чаро ду сол ба ин тараф кор дар ин самт шах шудааст?

Толиб Каримов, коршиносони масоили сохтмон дар Тоҷикистон мегуяд, саривақт иҷро нашудани ин тарҳ, ҳуқуқи сокинонеро, ки манзилҳои бутуни худро вайрон карда, замини онро дар ихтиёри мақомот супоридаанд, нағз мегардад.

Аҳмадзода ба ваъдааш вафо кард: 500 каси дигар соҳиби замин шуданд

”Аз рӯи қонунгузорӣ бояд пеш аз он, ки як нафарро аз хонааш беҷо кунанд, яъне, замини хонаи вай ба мақомоти марбутаи давлатӣ лозим бошад, бояд ӯро бо ҷои зисти мутобиқ таъмин кунанд. Аммо дар мисоли сокинони хиёбони Раҳмон Набиев ин муқаррарот риоят нашудааст ва ҳанӯз ҳуҷҷатҳои шаҳраки нав омода нашуда, ҳавлии мардумро вайрон карда ва онҳоро бо ваъдаи то ду соли бозгашт ба хонаҳои нав, дар шароити ҳуҷраҳои иҷроавӣ ҷойгир карданд”, зикр мекунад, коршинос.

Бо гузашти панҷ сол аз таҳияи лоиҳаи шаҳри замонавӣ бо номи “Чайна тавн”, ҳоло дар ин макон танҳо “партовгоҳ”еро дидан мумкин аст, ки чор тарафаш боз буда, ба гуфтаи сокинон, роҳ ба сӯи партобпартоии баъзеҳо ҳамвор шудааст. Аммо бо ин вазъ метавон интизор буд, ки ин “партовгоҳ”, рӯзе ба як шаҳраки замонавӣ табдил дода мешавад, оё не?

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

Агар, ҳа пас онҳое, ки хонаҳояшонро ба хотири бунёди шаҳрак вайрон кардаанд, кай аз шароити манзилҳои иҷоравӣ ба хонаҳои худ баргардонида мешаванд?

0