Тканевые маски широкого назначения

Пешгирии коронавирус дар Тоҷикистон: вазир ба коргоҳи истеҳсоли ниқоб рафт

323
(Таҷдидшуда 14:07 06.04.2020)
Иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба меъёрҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тадобири пешгирии коронавирус пурзӯр мешавнд. Дар кишвар як коргоҳи дигар ба истеҳсоли ниқоб ва хилъати тиббӣ оғоз кардааст.

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, дар ширкати "Тоҷтекс" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шуд.

"Бо мақсади шинос шудан ба фаъолияти корхонаи мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода аз ин корхона дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе воқеъ гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғул мебошад. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳи дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудаанд.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки бештар аз 20 коргоҳ дар Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ оғоз карданд.

"Садақа радди бало": 100 ҳазор ниқоби тиббии ройгони соҳибкор

Ҳамзамон бо мақсади  таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар коргоҳҳои "Нассоҷии Тоҷик", "Нассоҷи Хуҷанд" истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар "Гулистони Душанбе" хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар "Сифат Саноат" хилъатҳои тиббӣ ва дар "Фармтекс" истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

 

323
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (451)

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешаванд: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

32
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

32
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

48
(Таҷдидшуда 17:32 30.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ноболиғи 11-сола дар дарёи Сурхоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба гузориши КҲФ ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии 29 май дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд.

Ин ниҳод мегӯяд, баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода нақл мекунад, ки ҳодиса шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ду ғарқшавӣ дар Кофарниҳону Сурхоб: яке худро партофтаву дигаре моҳидорӣ рафтааст

"Боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард. Сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надод. Танҳо дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

48
Барчаспҳо:
ҷасад, пайдо, ғарқшавӣ, Тоҷикистон