Низоми вуруд дигар шуд: коронавирус ба кори китобхонаи миллӣ тағйирот ворид кард

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека. Архивное фото.
Национальная библиотека. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки вобаста ба паҳншавии коронавирус аз имрӯз низоми вуруди хонандаҳо ва коргарон ба иншооти давлатӣ тағйир ёфт

ДУШАНБЕ, 6-апр Sputnik. Масъулини китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон карданд, ки аз субҳи 6 апрели соли равон низоми вуруд ба китобхона дигар шуд.

“Акнун қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд. Ҳадаф пешгирӣ аз вируси короно ва эҳтиёт аз ҳодисаҳои номатлуби гирифторӣ ба ин вирус аст”, - таъкид доштаанд масъулини китобхона.

Манбаъ афзудааст, ки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо дарки масъулият пеши миллат ва мардуми Тоҷикистон аз имрӯз низоми дигари вурудро ба роҳ монд ва ҳадаф танҳо роҳандозии чораҳои пешгирист, ки табибон ба он таъкид мекунанд.

Медицинский работник в стационаре  - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то кунун дар қаламрави кишвар ягон нафар ба коронавирус, ки дар саросари ҷаҳон паҳн гаштааст, сироят нашудааст.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

Тибқи иттилои ин манбаъ тамоми нафароне, ки аз кишвраҳои хориҷӣ меоянд, ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд. Дар карантин онҳо аз ташхиси комил мегузаранд ва танҳо баъди он ки ин муҳлат гузашт ва дар онҳо нишонаҳое аз короно ошкор нашуд, ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0