Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешниҳоди Раҳмон ва ҷонибдории вакилон: 11,3 миллион доллар барои мубориза бо COVID-19

Обуна шудан
Интизор меравад, ки ин маболиғ барои харидории таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақали 100 кати нав барои мубориза бо пандемияи COVID-19 масраф шавад

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Ин созишнома 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Водитель такси на одной из улиц Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав як тоҷики гирифтори коронавирусро дастгир карданд

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" Созишномаро дар ҷаласа вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шарҳ додааст.

"Ҳаҷми маблағи ҷалбшавандаи Созишнома 11,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд анҷом дода мешавад",- афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

 

Ба иттилои вазир, лоиҳаи гарнтии пешниҳодгардида аз чор қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ гардидани як зумра тадбирҳои муҳимро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки тақвияти иқтидори соҳаи тандурустии кишвар дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне харидории таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақали 100 кати нав ва харидорӣ намудани дигар маводи мавриди ниёзи аввал барои мубориза бо пандемияи COVID-19 яке аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад.

"Амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамт бар зидди пандемияи COVID-19 дар мамлакат, бахусус тадбирҳо вобаста ба омодагии ҷомеа бар зидди ин вирус, расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ҳадафҳои дигари лоиҳа мебошанд", — зикр шудааст дар ҷаласа.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа дар давраи солҳои 2020-2021 ҳадафи ниҳоии лоиҳа мебошад.

«Ҳоло  дар баробари ба мувофиқа расидан бо Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳо ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои молиявӣ идома доранд ва итминон дорем, ки маблағҳо барои мубориза бо ин вирус боз дарёфт хоҳанд шуд",- афзуд вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки татбиқи саривақтии Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имкон медиҳад, ки тадбирҳои зикргардида дар фурсати кӯтоҳтарин амалӣ гарданд.

Бо назардошти муҳимияти масъала бо ҷонибдории кулли вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома тасдиқ гардид.

Лентаи хабарҳо
0