Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Ҳисоботи раисон ва супоришҳои Раҳмон: аз кишти фаровон то пешгирии коронавирус

462
(Таҷдидшуда 20:17 08.04.2020)
Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус барои тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кишту кори баҳорӣ шунидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ додааст.

Аз аломатгузории марз то пешгирии коронавирус: суҳбати телефонии Раҳмон бо Жээнбеков

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш додааст, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд.

"Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

Бино бар омор то имрӯз, коронавирус дар 208 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. 

Тибқи охирин омор дар ҷаҳон 1 358 943 кас гирифтори коронавирус шудааст. Ин беморӣ ҷони 71,2 ҳазор касро гирифта, пизишкон то имрӯз 272,8 ҳазор нафарро табобат кардаанд.

То рӯзи 8 апрел дар Русия 8672 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон то рӯзи 8 апрел ягон ҳолати гирифторӣ аб коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

462
Барчаспҳо:
ҳисобот, Президент, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (925)
Свечка, архивное фото

Марги мармузи пиразани 76 -сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

10
(Таҷдидшуда 12:07 20.01.2021)
Пиразан танҳо зиндагӣ мекардааст ва чанд вақти охир бемор будааст. Аз марги пиразан ҳамсояҳо ба КҲФ хабар додаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манлили зисташ, хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.

Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.

Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.

"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.

10
Барчаспҳо:
КҲФ ҶТ, Душанбе, марг, пиразан
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад

Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд

62
(Таҷдидшуда 12:43 20.01.2021)
Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро имрӯз қабул кард, ки бар асоси он солона то 10 фисади ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар баррасӣ карда гуфт, афроде, ки дар синни хизматанду аз ин 10 фисади даъватшаванда канор мемонад,  бо пардохти маблағу машқи якмоҳа дар ҳайати нерӯҳои захиравӣ, метавонанд соҳиби билетӣ ҳарбӣ шаванд.

Вазири дифоъ гуфт,  тартиби таълими чунин захираҳо ва шакли пардохти хидмати ҳармоҳа ҳанӯз муайян нашудааст ва ин дар салоҳияти ҳукумати мебошад.

Ҳамзамон бар асоси тарҳи нави ин қонун ҷавононе, донишгоҳҳоро новобаста аз кафедраи ҳарбӣ доштанашон хатм мекунанд, танҳо пас аз як соли хизмати аскарӣ, соҳиби рутба мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои дорои кафедраҳои ҳарбӣ доштаро хатм мекарданд, рутбаи афсари эҳтиётиро мегарифтанд ва аз хизмат озод буданд.

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамзамон зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, минбаъд  ба ниҳодҳои қудратӣ аз қабили прокуратура, суд, коррупсия, гумрук танҳо афроде ба кор гирифта мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ карда бошанд.

Қаблан сару садоҳо дар бораи поин овардани муҳлати хизмати ҳарбӣ низ буданд, аммо дар ин тайиру иловаҳо ҷой надоранд.

 

62