День 10 апреля

Ҷашнҳои рӯзи 10 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

101
(Таҷдидшуда 00:32 10.04.2020)
Рӯзи даҳуми апрел дар Тоҷикистон Рӯзи Қушунҳои дохилӣ ва дар Озарбойҷон Рӯзи сохтмончиён ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 10 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе (МГРИ-РГГРУ)  конфронси XII илмӣ-амалӣ дар мавзӯи "Тарҳҳои нав дар бораи Замин" баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Соли 1833 бори нахуст истеҳсоли гӯгирд оғоз гардид.

Рӯзи 10 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1930-  оғози радиошунавонӣ дар шаҳри Душанбе.

Соли 1919 дар Самарқанд аввалин шумораи маҷалла бо забони тоҷикӣ "Шуълаи инқилоб" ба нашр расид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

День 9 апреля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм МОЛТЕРЕР-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Соли 2015 Дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 апрел

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.
  • Дар Озарбойҷон- рӯзи сохтмончиён.
101
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

69
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

69
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

121
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

121
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон