Электросчетчик, архивное фото

Имрӯз даҳ кӯчаи шаҳри Душанбе бебарқ мемонанд

647
(Таҷдидшуда 11:06 10.04.2020)
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, як қисми маҳаллаҳои Сино ва Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе бе неруи барқ мемонанд.

Ба иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, неруи барқ аз соати 09:00 то 16:00 маваққатан хомӯш карда мешавад.

"Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаҳои Н.Қарабоев, Борбад, А.Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Гулбутта ва дар ноҳияи Сино кӯчаҳои  Қазоқон, Зафар, Арбобхотун, Бунёдкорон, Навобод, қувваи барқ хомуш карда мешавад", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

 Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

647
Барчаспҳо:
пойтахт, сабаб, бебарқӣ, бебарқӣ, барқ, Тоҷикистон, Душанбе
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

41
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

41
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

173
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

173
Барчаспҳо:
баргардонӣ, шаҳрванд, Ватан, муҳоҷир, сафоратхона, Тоҷикистон