Обновленный Детский парк в Душанбе, архивное фото

Дар Тоҷикистон бозорҳо ва майдончаҳои бозии кӯдаконро дезинфексия мекунанд

286
(Таҷдидшуда 15:36 10.04.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон дар марказҳои савдо ва майдончаҳои бозии кӯдакон корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ахиран  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Комиссияи пешгирии вируси нави “COVID-2019” ва татбиқи тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар КҲФ ҷаласаи гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор шудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикстон дар ҷараёни ҷаласа маълумоти фаврӣ дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши вируси короно, теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, шунида шуд.

Кумита ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тариқи воситаҳои ахбор корҳои иттилоотӣ ва паёмрасониро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамчунин барои пурсишҳои саривақтии аҳолӣ рақами кутоҳи телефонии “511” фаъол шудааст.  

“Шаҳрвандоне, ки бо нақлиёт аз хориҷи кишвар меоянд дар муассисаҳои тиббӣ ба карантин фаро гирифта мешаванд ва баъди анҷоми муҳлати таъиншуда, онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд”, таъкид доштааст КҲФ.   

Инчунин дар ҷаласаи мазкур намояндаи Муассисаи давлатии манзилию комуналӣ хабар додааст, ки ҳар рӯз дар нақлиёти шаҳрӣ қабл аз оғози корашон корҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.

“Дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд равуо мекунанд, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо, майдончаҳои бозии кӯдакон низ корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд”,- қайд намудааст манбаъ

Ғайр аз ин гуфта шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳо ситодҳо, нуқтаҳои карантинӣ ва озмоишгоҳҳо сохта шудаанд, ки омодаанд ташхиси вируси короно гузаронанд.

Ҳамчунин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоятҳои Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзӣ низ ташкил карда шудааст.

286
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ, роҳандозӣ, беҳдоштӣ, вирус, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, кумита, Тоҷикистон
Самолет на закате, архивное фото

Расман: парвозҳо байни Тоҷикистону Русия баъди муътадил шудани вазъ барқарор мешаванд

540
(Таҷдидшуда 20:13 05.06.2020)
Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон расман ба иттилои сокинони кишвар расонидааст, ки ба овозаҳои гӯё барқарор шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия бовар накунанд. Оҷонс гуфтааст, аз оғози парвозҳо расман хабар хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.

Зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия барқарор нагардидаанд, гузориш додааст агентӣ ба АМИТ "Ховар". 

Оҷонс таъкид кардааст, ки парвозҳо на танҳо байни Тоҷикистон, балки қариб дар сар то сари кишварҳои ҷаҳон бино бар пандемияи коронавирус қатъ шудаанд.

"Дар Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 март байни Тоҷикистон ва Русия  то беҳ гардидани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст", — афзудааст манбаъ.

Агентӣ овозаҳои гӯё аз сар гирифтани парвозҳоро миёни ин ду кишвар қатъиян такзиб кардааст.

"Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад", - таъкид мекунад ниҳод.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд.

540
Картофель

Картошка арзон мешавад? дар Суғд ба ҷамъоварии ҳосили нав сар карданд

139
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан  дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот  ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.

 

 

 

139
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0