Қарори Ҳукумат: аз бақайдгирӣ то имкони қатъи кори телефонҳою дастгоҳҳои мобилӣ

© Sputnik Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото
Флаг Таджикистана на экране телефона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, тартиби бақайдгирии дастгоҳҳои мобилӣ, аз телефонҳо то планшет ва ноутбуку ғайраро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта Хадамоти алоқаро муваззаф кард, ки барои амалӣ намудани тартиби сабти дастгоҳҳои мобилӣ, то 1 июни соли равон бо ҷалби сармояи хусусӣ Оператори ин низомро муайян кунад.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То 15 феврали 2022: Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳоро дароз кард

Муқаррар шудааст, ки Оператори низом барои таъмини амнияти давлат ва ҳангоми чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ-сиёсӣ метавонад, бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кори дастгоҳҳои мобилии алоқаи барқиро қатъ ва барқарор намояд.

Бар асоси қарори Ҳукумат, ки ҳафтаи гузашта имзо шуд, низоми бақайдгирии дастгоҳҳои мобилӣ, тибқи нишондиҳандаҳои байналмилалии муайянкунандаи ин дастгоҳҳо амалӣ мешавад.

Дар қарор таъкид шудааст, ки аз лаҳзаи роҳандозии ин низом дар Тоҷикистон, тайи се моҳ сабти дастгоҳҳо автоматӣ ва ройгон тариқи хадамоти операторони мобилӣ амалӣ мешавад.

Замена сим-карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Касе ҷазо намегирад: 80 дирам мемонад, танҳо бевосита аз муштарӣ ситонида намешавад

Баъди анҷоми се моҳи бақайдгирии автоматӣ, дар давоми 6 моҳ сабти дастгоҳҳои мобилии алоқаи барқӣ тариқи пойгоҳи ягона ва дигар воситаҳои муайяншуда ройгон сурат мегирад.

Фаврӣ: дар Тоҷикистон нархи гуфтугӯи телефонӣ ва интернет гарон мешавад

Бар асоси қарори Ҳукумат, бо анҷоми се моҳи сабти автоматию 6 моҳи пилотии баъдӣ, сабти дастгоҳҳои алоқаи барқӣ тариқи пардохти маблағ амалӣ мегардад.  

Дар қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки Хадамоти алоқа, Кумитаи телевизиону радио якҷоя ба ширкатҳои мобилӣ миёни аҳолӣ ба таври васеъ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ кунанд.  

Лентаи хабарҳо
0