Дар Тоҷикистон кишти картошкаро то 60 дар сад афзоиш медиҳанд

CC0 / pxhere / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистонро вазифадор ҳам кард, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ чораҷӯиҳои қатъӣ анҷом диҳанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон кишти картошкаро то 60 дар сад афзоиш медиҳанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Эмомали Рахмон принял участие в празднике мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди шунидани гузоришҳои раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳо аз тариқи телефон онҳоро муваззаф кардааст, ки замини кишти картошкаро 40 дарсад, майдони кишти такрориро 60 дарсад афзойиш диҳанд.

Гуфта мешавад, азуд бар ин, раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуданд, ки бо иҷрои умури кишоварзӣ ҳамзамон барои беҳсозии бемориҳои сироятӣ иқдомҳои заруриро амалӣ кунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти изтирории обу ҳавоӣ Раҳмон дастур дод, ки умури тақвияти соҳилҳо роҳандозӣ гардад.

Иштироки президент дар Иди асалу нону картошка ва баҳои баландаш ба кадбонувони суғдӣ

Ёдрас мешавем, имсол бори аввал дар Тоҷикистон бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи иди Наврӯз Иди картошка таҷлил шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0