Город Душанбе, архивное фото

Семинари Кумитаи андоз дар Вазорати меҳнат

245
(Таҷдидшуда 20:13 12.04.2020)
Намояндагони Кумитаи андоз ба кормандони Вазорати меҳнат оид ба муқаррароти Кодекси андоз, рушди маъмурикунонии андоз,  бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукӣ, имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон, маълумоти муфассал доданд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият, кормандони дастгоҳи  марказӣ ва намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳаи андоз баргузор шуд.

Дар ин бора Вазорати меҳнат ва муҳоҷират хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, семинар-машваратро муовини якуми  вазири меҳнат, Сангинзода  ифтитоҳ намуда, намояндагони Кумитаи андоз бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди маъмурикунонии андоз,  бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукӣ, имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон ва лоиҳаҳои қарзӣ (грантӣ) ба иштирокдорон  маълумоти муфассал доданд.

Дар анҷоми семинар-машварат  вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Тасмим гирифта шуд, ки чунин семинар-машваратҳо дар зерсохторҳои вазорат низ баргузор карда шаванд.

245
Барчаспҳо:
Душанбе, маълумот, Вазорати меҳнат, Кумитаи андоз
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

103
(Таҷдидшуда 13:45 02.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

103
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

151
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

151
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Коровы на лугу

Дуздии чорво ба маблағи наздики 12 ҳазор сомонӣ

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 34-сола бо иттиҳоми дуздии чорвои калони шохдор дар Хатлон хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Восеъ, марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия дар бораи дуздии чорвои калони шохдораш ариза навиштааст. 

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми июни соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилӣ зарари расонда ба соҳиби чорворо 11 ҳазору 800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони, ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД таъкид намуд, ки аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

0