Вазири тандурустӣ: аёдати нафарони дар қарантинбуда манъ, аммо овардани хӯрок мумкин аст

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ Насим Олимзода мегӯяд, пайвандони шахсоне, ки дар қарантин қарор доранд метавонанд бо онҳо танҳо тавассути телефони ҳамроҳ дар тамос шаванд

 ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Тибқи иттилои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, то  13 апрел  1836 нафар  шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷи мамлакат  ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантин фаро гирифта шуданд.

Дар мавриди иҷозат будани аёдати шахсони дар қарантинбуда, вазири тандурустӣ Насим Олимзода маълумот додааст, ки ба хабаргирӣ рафтани онҳо қатъиян манъ аст.

"Қрантини 14 — рӯза меъёри байналмилалист, ки дар ин муддати ташхис гумонбар бо олами беруна набояд ягон хел иртибот дошта бошад. Дар Тоҷикистон  низ ин тартиб қатъиян риоя мегардад. Яъне, аёдати ашхоси карантинӣ аз ҷониби пайвандон истисност", - изҳор доштааст вазир.

Зимнан, ба маълумоти ӯ хешу пайвандони нафарони дар қарантинбуда имкони ба онҳо хӯрок оварданро доранд. Ҳамчунин метавонанд бемаҳдудият бо телефони ҳамроҳ дар тамос шаванд.

Логотип Всемирной организации здравоохранения (ВОЗ) здания в Женеве - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳонро беш аз 1,8 миллион гуфт

Хотиррасон менамоем, ки  барои ба қарантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат  ба Тоҷикистон воирд мешаванд,   баъзе муассисаҳои тандурустии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Варзоб ва Тоҷикободу Лахш сафарбар гардидаанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои давлатии беморхонаи клиникии бемориҳои сироятӣ, маркази шаҳрии тиббии № 1, беморхонаи шаҳрии бемориҳои пӯст, маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст, маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм шаҳрвандон ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Омори гирифторони коронавирус дар ИМА аз ним миллион гузашт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти афзоиши  шумораи ҳамватанони аз кишварҳои хориҷӣ баргашта, ки  ба карантин фаро гирифта мешаванд,  зарур омад, ки ба ҷуз аз муассисаҳои тандурустӣ истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, дигар муассисаҳои вазорату кумитаҳо ва корхонаҳо низ мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, осоишгоҳҳои "Хоҷа Оби Гарм", "Харангон" (ноҳияи Варзоб), "Оламбӣ" (шаҳри Роғун), осоишгоҳҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Лентаи хабарҳо
0