Душанбе, архивное фото

КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад

365
(Таҷдидшуда 14:43 13.04.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз номусоид будани обуҳавои кишвар то авохири ҳафтаи равон ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя  ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур дар ин муддат боридани боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола дар назар аст.

Манбаъ меафзояд, дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.

Боришҳои шадид метавонанд боиси он гарданд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо боло равад. Аз соҳил берун шудани об метавонад хатаре ба заминҳои кишт, манзили мардум, пулҳо ва саддҳо шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар  хоҳиш мекунад ҳамнгоми  истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода созанд, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.

365
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, номусоид, ҳаво, КҲФ
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото

49 муҳоҷиру 13 ҷасад: ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан расонд

33
Мақомоти Тоҷикистон элон намудааст, ки аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия 680 нафар шаҳрвандони кишвар ба Ватан баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Санаи 29 май бо парвозҳои махсуси ширкати “Уральские авиалинии” 49 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, аз Маскав ба Душанбе баргардонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ бо ин парвози махсус 13 ҷасади шаҳрвандони кишвар ба Ватан интиқол ёфтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли равон дар ҳамоҳангӣ бо Русия аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки барои иҷрои дастури раисҷумҳури кишвар доир ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

33
Барчаспҳо:
ҷасад, Ватан, баргардонидан, кишварҳо, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

68
(Таҷдидшуда 23:23 31.05.2020)
Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад

Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.

Насилие, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Насилие, архивное фото

Соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.

Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

День 31 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Cоли 2014 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи "15-солагии истиқлоли Тоҷикистон", ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб"  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.

Моли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн

  • Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.
  • Дар Самоа —  Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
  • Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
  • Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент
68
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон