Выборы в парламент Таджикистана- Москва 2020 год

Сафорат: агар нишонаҳои коронавирус мушоҳида шавад, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занед

981
(Таҷдидшуда 13:20 14.04.2020)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар сурати дарди гулӯ, сулфа, ҳарорати баланд ва душвории нафаскашӣ фавран ба ёрии таъҷилӣ дар тамос шаванд

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, машварат додааст, ки дар ҳолатҳои эҳтимоли сироятшавӣ ба коронавируси нав (COVID-19), аз ҷумла дарди гулӯ, сулфа, ҳарорати баланд ва душвории нафаскашӣ ба ёрии таъҷилӣ бо рақамҳои 103 ва 112 фавран ва ҳатман дар  тамос  шаванд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Ҳамзамон масъулини сафорат таъкид доштаанд, ки бо мақсади мусоидат барои хабар кардани ёрии таъҷилӣ ва ё ба кормандони муассисаҳои тиббӣ фаҳмондани суроға ва дигар мушаххасоти шахсони эҳтимолан сироятшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба рақамҳои телефонҳои шабонарӯзӣ амалкунандаи Сафорат тамос гиранд.

Сафорат ҳамчунин қайд кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекунанд, барои чунин мусоидат метавонанд ба консулгариҳои кишвар дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори расмии Тоҷикистон дар Русия беш аз 500 ҳазор шаҳрванди ин кишвар кору фаъолият мекунад. Аммо тибқи омори мақомоти Русия шумори муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ин кишвар беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад. Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар, аз ҷумла сохтмон, савдо, хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва ғайра кору фаъолият мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир, омори дақиқ дар бораи сироят ёфтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба вируси корона дар Русия дастраси омма нест.

981
Барчаспҳо:
ёрии таъҷилӣ, тамос, тавсия, шаҳрвандон, сафорат, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (452)
Строительство аквапарка в Варзобе

Ширкати чинӣ даст кашид: Ҳукумати Хуҷанд гуфт, сокинон то охири сол соҳиби хона мешаванд

50
(Таҷдидшуда 22:31 30.05.2020)
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд сокинонеро, ки заминҳои наздиҳавлигиашон барои бунёди "Чайна тавн" тахриб шуда буд, муҳоҷирони экологӣ номида, гуфтааст, ки онҳо то охири соли равон соҳиби манзил мешаванд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд дар пайи нашри гузориш дар бораи боз истодани сохтмони шаҳраки чинӣ дар Хуҷанд посухе навишта, ба сокинон ваъдаи манзил кардааст. 

Манбаъ, ин қазияро айби ширкати чинӣ хондаву сабабшро ин иқдоми ширкатро баланд будани сатҳи оби зеризаминии мавзеъ гуфтааст.

"Бояд қайд намоем, ки ин сохтмон на бо айби МИХД шаҳри Хуҷанд, балки дар асоси даст кашидани ширкати чинӣ аз оғози сохтмон рӯйи кор омадааст. Ширкати чинӣ омили асосии даст кашидани сохтмони шаҳракро бинобар баланд будани сатҳи оби зеризаминӣ дар мавзеъи сохтмон арзёбӣ карда, аз ҷиҳати иқтисодӣ идомаи онро зери суол қарор бурд", - омадааст дар изҳороти шаҳрдорӣ.

Манбаъ таъкид мекунад, кииҷорапулии сокинонро феълан шаҳрдорӣ пардохт мекунад.

Шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки баъди бекор намудани қарори вобастакунии замин ба ширкати "Ҳусноро1" ҳанӯз соли гузашта дар маҳалаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои истиқоматиии 9 ошёна барои мардуме, ки аз ширкати чинӣ ноумед шуданд, оғоз карда шуда, шаҳрдорӣ барои ин 27 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

"Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, аз 9 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар умум 72 манзили истиқоматӣ иборат аз 1,2,3-хуҷрагӣ бунёд мегардад. Қисмати асосии бино бунёд шудааст. Интизор меравад, ки бинои мазкур соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифта, шаҳрвандони номбурда соҳиби манзили истиқоматӣ хоҳанд шуд", - тавзеҳ медиҳад шаҳрдорӣ.

Гуфта мешавад, тибқи нақшаи генералии шаҳр, заминҳе, ки барои "Чайна тавн" ҷудо шуда буданд, ба ихтиёри шаҳрдорӣ гирифта шуда, дар зудтарин фурсат дар ин макон мавзеъи истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори шаҳрдорӣ бунёд карда мешавад.

Ваъдаҳои хушку интизории чорсола: чаро “China Town” дар Хуҷанд сохта нашуд?

50
Медицинские работники в госпитале COVID-19

Дурӯғ аст: пизишкони тоҷик қайчӣ шудани маошашонро такзиб карданд

122
Кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон мактубе навишта, иддаоҳоеро, ки музди корашон қайчӣ мешавад, такзиб кардаанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ мактуби саркушодае навиштаву иддаоҳои бархе нафаронеро, ки худро пизишк муаррифӣ карда, аз кам шудани маошашон дар давраи пандемия хабар медоданд, такзиб кардаанд.

Пизишкон изҳор доштанд, ки маълумотҳо дар бораи ба 300 сомонӣ кам шудани маоши кормандони соҳаҳои тиб ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳо паҳн мешавад, аз ҳақиқат дур аст. 

Ҳамчунин аз ҳисоби духтурону ҳамшираҳои шафқат дезинфексия шудани муассисаҳои тиббӣ ва харидории либоси муҳофизатиро дурӯғ гуфтаанд.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

Дар ин мактуб онҳо хабар додаанд, ки маоши кормандони тиб аз 840 то 1277 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Табибон афзудаанд, ки афзун бар ин, иловапулиҳо низ пардохт мешаванд.

Дар моҳи Рамазон бошад, аз ҷониби саховатмандон кӯмакҳои моддӣ расидааст.

122