Река в Сочи, архивное фото

Сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон баланд шуданд

183
(Таҷдидшуда 16:52 14.04.2020)
Давоми шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бориши боронҳои шадиди шабонарӯзи гузашта сабаби болоравии сатҳи оби дарёву  каналҳо шуда, сокинони мамлакатро ба изтироб овард, гузориш медиҳад кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Давоми шабонарӯзи гузашта дар дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб, ҳамчунин дар рӯдхонаҳои воқеъ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор болоравии сатҳи об мушоҳида шуд.

13 апрел дар натиҷаи боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хонақоҳ аз меъёр баланд шуда, хавфи зери об мондани хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишти сокинони деҳаи Афғонободи Ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро зиёд кард.

Барои пешгирӣ аз офати табиӣ ба минтақаи хатарнок гурӯҳи корӣ ҷиҳати роҳандозии корҳои пешгирӣ аз хатар бо ҷалби техника равона карда шуд.

"Ҳамаи воҳидҳои Кумита ба меъёри тақвиятёфтаи фаъолият гузаштанд, ки сабаби ин боронҳои пуршиддат ва эҳтимоли сар задани ҳолатҳои фавқулода дар ҳар гӯшаи мамлакат аст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳӣ, бахусус дар роҳҳои "Душанбе – Айнӣ" ва "Душанбе — Ванҷ" шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд", — омадааст дар иттилоияи Кумита.

КҲФ аз боронгарии шадид, раъду барқ ва жола ҳушдор медиҳад

Ёдовар мешавем, ки хатари болоравии сатҳи об дар каналу дарёҳои мамлакат то 17 апрел боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш худ ва атрофиёнашонро эҳтиёт кунанд.

183
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

67
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

67
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон
Две женщины на улице. архивное фото

Бедаракшавии Фотима, Сайёра ва Абдухолиқ: кумакхоҳии ВУД аз мардум-аксу видео

395
(Таҷдидшуда 13:43 04.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се нафар, аз ҷумла ҷавондухтаронеро меҷӯяд, ки моҳи май бадарак шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, яке аз ҷавондухтарҳои бедаракшуда Фотима Ҷалилова, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода мебошад.

Фотима Ҷалилова 11 майи соли равон аз хона берун рафта, то ҳол бедарак мебошад, афзуд ВУД.

Инчунин дар шаҳри Турсунзода, Абдухолиқ Абдураҳмонов, сокини 60-солаи шаҳри мазкур бедарак шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз 28 майи соли равон то ҳол дар бораи Абдураҳмонов хабаре нест.

Тибқи иттилои ВУД, нафари бедаракшудаи дигар Сайёра Абдусаломова, соли таваллудаш 2006, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки 2 майи соли равон аз хона баромада, то ҳол аз ӯ хабаре нест.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри аксҳои афроди бедаракшуда дар гузориши видеоияш аз шаҳрвандонихоҳиш кардааст, ки дар сурати доштани маълумот дар бораи онҳо тариқи рақамҳои 221 21 21, 227 98 98 хабар диҳанд.

395
Барчаспҳо:
бедарак, акс, Тоҷикистон

"Дар хона бимонед": челленджи футболбозони тоҷик - видео

0
Футболбозони маъруфи тоҷик тасмим гирифтанд, барои дастгирӣ намудан аз мухлисони худ дар замони пандемия, челлендж сабт карда паҳн намуданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри челленджи футболбозони маъруфи тоҷик аз тамоми сокинони кишвар даъват намуданд, ки дар замони пандемия беҳтараш дар хона бимонанд.

Дар навор футболбозони тоҷик тӯбро ба таври маҷозӣ сӯйи ҳамдигар партоб мекунанд.

Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

Ситораҳои футболи тоҷик, ки дар ин навор сабт гардиданд Шериддин Бобоев, Искандар Ҷалилов, мураббӣ Усмон Тошев, Некубахт Худододов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Иброҳим Рабимов, Парвиз Умарбоев, Алиҷони Айнӣ ва довар Сайид Зайниддинов мебошанд.

Футболбозон аз шаҳрвандони Тоҷикистонро даъват мекунад, ки дар хона бимонанд ва ҳангоми пандемия аз коронавирус ҳамаи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирусро риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, футболбозон