Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Собиқ бонкдори №1-и Тоҷикистон мансаби нав гирифт

4966
(Таҷдидшуда 17:51 15.04.2020)
Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва вакили парлумон имрӯз бо қарори Ҳукумат дар Академияи миллии илмҳо мақоми нав гирифт

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он Шариф Раҳимзода директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода дар ин мақом Саидмуродов Лютфиллоиро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор гардидааст.

Шариф Раҳимзодаи 61-сола, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои 1981-1989 фаъолияти дар факултаи молиявию иқтисодии донишгоҳ омӯзгор будааст.

Сипас дар низоми бонкӣ ва ба ҳайси сафир дар кишварҳои аврупоӣ кор карда, солҳои 2006-2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Солҳои 2008-2012 дар мақоми раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст.  Бо фармони раисиҷумҳур аз моҳи январи соли 2012 вазири рушди иқтисоду савдо буда, соли 2015-ум ба ҳайси вакили ҲХДТ вориди парлумон гардида, то охири даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон кор кард.

4966
Барчаспҳо:
парлумон, фармон, Шариф Раҳимзода, Тоҷикистон
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

14
(Таҷдидшуда 13:16 26.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" хабар медиҳад, ки дар паи он як мусофир ҷон бохта се тани дигар бистарӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 24-уми январ, тахминан соати 16:30, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Тайота-Кемри", Раҳмонзода Фирдавс, сокини 36 - солаи Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.

ВУД қайд мекунад, ки худрави дуюм таҳти идораи Даминов Убайдулло, сокини 31 -солаи ҷамоати деҳоти Арали ноҳияи Восеъ будааст. 

"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", Бобоёрова Ҷамолбӣ, сокини 61 - солаи шаҳри Душанбе, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Даминов ва мусофирони ӯ Мирзоев Комилҷон, сокини 51 - солаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғ Раҳмонзода Саидбилол, сокини 8 - солаи  Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

14
Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, Данғара, садама
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане, архивное фото

Зиёд шудани нафақа то 50 дар сад - аз киҳо?

190
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солнааш хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми нафақа боло рафта, аз бархе гурӯҳҳо то 50 дар сад зиёд мешавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тавре президент гуфт, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Ӯ пешниҳод кард, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.

"Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. 

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад. 

Супоришҳои Раҳмон ба раисони Ҳисор ва Рашт барои таъмини саривақтии маошу нафақа

Ба қавли кишвардор, дар соли 2020 ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд. 

190
Барчаспҳо:
зиёд шуд, нафақа, Раҳмон