Ҷашнҳои рӯзи 16 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 16 апреля
День 16 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи шонздаҳуми апрел дар Арманистон Рӯзи кормандони милитсия ва дар Булғористон Рӯзи ҳуқуқшиносон таҷлил мешавад

Рӯзи 16 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1905 Дар Россия аввалин иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи матбуоти даврӣ таъсис дода шуданд.

Рӯзи 16 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-миллионаи кишвар таваллуд шуд.

Соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии "Тоҷикангишт" ва "Тоҷикгаз" тасис дода шуданд.

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи шаҳр кушода шуд.

День 15 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 15 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи дастрасии ба иттилоот"-ро қабул намуд.

Соли 2016 ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ" фармон ба имзо расониданд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон муҳокима карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 апрел

  • Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.
  • Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.
Лентаи хабарҳо
0