Бо афғонҳо бо овози ҳайвон гап мезад: боздошти Раҷабалӣ аз Фархор бо 70 кило нашъа

849
(Таҷдидшуда 18:23 16.04.2020)
Гумонбаршаванда танҳо шабҳангом маводи нашъаоварро қаул мекардааст. Ӯ ҳамчунин барои "бехатарӣ" бо қочоқчиёни ағон бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ муошират мекардааст

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти пинҳонии як шабакаи интиқолдиҳандаи воситаҳои нашъадорро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекарданд ошкор карданд.

Онҳо маводи мухадирро сипас ба дигар кишварҳои хориҷӣ интиқол медоданд.

"Зимни амалиёт аз ин шабакаи қочоқчиён зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд", - менависад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе.

Ҳамин тавр, кормандони мақомот дар натиҷаи пешбурди амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Раҷабалӣ Дарғиеви 36-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархорро дар зодгоҳаш деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор, ки дар наздикии сарҳади Чумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ аст, дастгир карданд.

"Зимни кофтуков аз манзили истиқоматии номбурда се борхалтаи полиэтилении дорои  миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, 68 кг 672 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 1 кг 964 грамм маводи психотропии навъи "Метаамфитамин", дар маҷмӯъ ба миқдори 70 кг 436 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ  .

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ чеҳраи як нафар нашъаҷаллоби дигар намудор шуд, ки роҳбарии ин шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобро бар уҳда доштааст.

Ин нафар шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, соли таваллудаш 27.03.1979, сокини деҳаи Марғзори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.

Ӯ феълан дар Росия қарор дошта, ҳамаи амалиёт ва схемаҳои ғайриқонунии додугирифти воситаҳои нашъадор, аз ҷумла, интиқоли воситаҳои гуногуни нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои хориҷӣ фиристондани онро тавассути телефони мобилӣ назорат ва роҳнамоӣ карда, дар ин кор дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиевро ҳамчун шахси боваринок истифода мебурдааст.

Раҷабалӣ Дарғиев дар асоси маслиҳати пешакӣ мебоист ин 70 кг маводи нашъадори мусодирашударо ба шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, ки соҳиби асосии воситаҳои нашъадор шинохта мешавад, интиқол диҳад.

Раҷабалӣ баҳри ба даст овардани ин маводи заҳрогин роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, воситаҳои нашъадорро танҳо дар вақти шабона аз қочоқчиёни афғон қабул менамудааст.

"Тааҷҷубовар аст, ки дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиев бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷинояткоронаи худ ва нафаҳмидани атрофиён ба таври махсус ва рамзнок, яъне бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ бо интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадори афғон гуфтугӯ намуда, додугирифти воситаҳои нашъадорро амалӣ мекардааст", - таъкид мекунад раёсат.

Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

Оид ба далелҳои мазкур айни замон нисбат ба гумонбаршавандагон Раҷабалӣ Дарғиев ва Баҳодур Девонақулов тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, Баҳодур Девонақулов ҳамчун роҳбари шабакаи фаромиллии нашъаҷаллобӣ дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дода шудааст.

849
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

209
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

209
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Амнистия заключенных в Согдийской области

Эълони авф дар Тоҷикистон: Раҳмон чанд маҳбусро бахшид?

1549
(Таҷдидшуда 20:40 30.10.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ авф эълон карда, беш аз 300 нафарро аз зиндон озод кард

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунӣ авф эълон карда, 378 маҳбусро бахшид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, тасмими авфи зиндониён имрӯз бо фармони Президенти кишвар сурат гирифтааст.

Озодӣ бе порадиҳӣ: таъкиди Президент ба пешгирии фасод ҳангоми афв

Гуфта мешавад,  фармони раисиҷумҳур "Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд" дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон сурат гирифта, бар асоси он 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Ёдрас мешавем, ки бори охир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2019 қонуни авфро имзо карда буд.

Он замон 20 ҳазор зиндонӣ бахшида шуда буданд.

1549
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, авф, Тоҷикистон