Девушка в защитной маске

Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

8364
(Таҷдидшуда 13:44 18.04.2020)
Ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус эълон кард , ки то 17 апрели соли равон дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифта шуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Шоми17 апрели соли равон  бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарони як қатор раёсатҳо ва директорони муасссисаҳои тандурустии пойтахт ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус  баргузор шуд.

Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар, дар ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки аз 1 феврал то 17 апрели соли равон 7871 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар  муассисаҳои тандурустии кишвар ба қаранттина фаро гирифта шуданд.

“Аз ин шумора то санаи зикргардида 6348 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1523 нафарашон  дар қарантина  қарор доранд”, - таъкид кардааст ситод.

Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа фавт ва гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат бо бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар чанд рӯзи охир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сар задани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар робита ба он, ки гӯё  ин нафарон гирифтори сирояти коронавирус мебошанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз намуд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ҳамзамон, ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид.

“Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид”,- гуфт Шодихон Ҷамшед.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд  ҳангома сохт.

Ситод таъкид кардааст, ки бояд моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи мазкур  барои дар ҳолати омодабош  қарор доштан барои хурӯҷи эҳтимолии сирояти коронавирус ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода шудааст.

8364
Барчаспҳо:
сироят, шаҳрвандон, вирус, пешгирӣ, ситод, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (795)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмонро кишвардорони Ветнаму Сербия шодбош гуфтанд

46
(Таҷдидшуда 19:14 20.10.2020)
Номаҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамтоёни ӯ ва роҳбарони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, дар робита ба дигарбора такя задани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ, идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президентони Сербия ва Ветнам Александр Вичуч ва Нгуен Фу Чонг унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тарикотӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ҳамтоёни Эмомалӣ Раҳмон ӯро бинобар дигарбора роҳбари тоҷикони дунё интихоб шудан, табрику муборакбодӣ намуданд.

Александр Вичуч дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, равнақ меёбад.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ дар номаи худ пас аз муборакбодӣ кардан изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад.  Ҷаноби Нгуен Фу Чонг афзудааст, ки дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.

Манбаъ меафзояд, воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон идома дорад.

46
Барчаспҳо:
шодбошӣ, нома, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Пробирки с тестами на коронавирус

Омори шаш моҳи ноҳияи Ашт дар бораи COVID-19 : 18 фавту 150 шифоёфта

91
(Таҷдидшуда 18:32 20.10.2020)
асъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ҷараёни баргузории ҷаласа дар бораи омори сироятёбӣ, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд гузориш додаанд

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт дар бораи баргузории ҷаласае хабар додаанд, ки дар кори он, фаъолияти нуҳ моҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи ин ноҳия баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин иҷлосия, Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд барои шиносоӣ бо натиҷаҳои хоҷагии халқ ба ноҳияи Ашт сафар кардааст.

Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт, баробари соҳаҳои мухталиф аз ҷумла дар бораи вазъи эпидемиологии ноҳия ва маридҳои сироят, шифо ва фавт аз бемории ҳамагири COVID-19 гузориш додааст.

"Айни ҳол дар ноҳия аз санаи 29 апрели соли ҷорӣ то санаи 19 октябр 183 нафар бистарӣ бо нишонаҳои бемории COVID-19 бистарӣ шуда, аз онҳо 150 нафар сиҳат ёфта, 18 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳия 15 нафар табобат гирифта истодаанд", -  иттилоъ додааст, муовини раиси ноҳияи Ашт.

Аниса Ҷалилӣ таъкид намудааст, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории каронавирус дар иморату иншоотҳои ноҳия мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 686 литр гипохлориди натрий, 3352 кило хокаи хлор, 924 адад либосҳои муҳофизатӣ, 3197 дона ниқобҳои тиббӣ ва 4020 адад дастпӯшак ва дигар маводи безараргардонандаи тиббӣ захира ва мавриди истифода қарор дода шуда ҳамчунин аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар ба Бемористони марказии Ашт 8 адад оксигенератор ва 2 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаш моҳ қабл, дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дода буданд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 19 октябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 10533 нафар баробар шудааст.

То санаи зикргардида дар кишвар 9563 нафар ё худ 90,8 % и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, бар асари ин беморӣ 80 нафар фавтидаанд.

91
Барчаспҳо:
омор, Ашт, вируси корона
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и премьер-министр Садыр Жапаров на внеочередном заседании Жогорку Кенеша в госрезиденции Ала-Арча. Архивное фото

Жээнбеков аз тарс истеъфо дод? ҷавоби Ҷопаров

0
(Таҷдидшуда 00:24 21.10.2020)
Содир Ҷопаров ба хабарнигори Al Jazerra дар бораи иттиҳомоте, ки гӯё ӯ ва тарафдоронаш бо роҳи тарсонидан сари қудрат расидаанд, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Ал Ҷазерра гуфт, ки ҳеҷ кас собиқ кишвардор - Сооронбай Жээнбековро барои истеъфо натарсонда буд.

 

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Хабарнигор аз Ҷапаров дархост намуд, ки иттиҳомот алайҳи ӯ ва тарафдорона, ки гӯё бо роҳи тарсондан сари қудрат омаданд, тавзеҳ диҳад.

"Сару садоҳо дар мавриди он ки, гӯё ман бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ сари қудрат омадам, нодуруст аст. Агар мо метарсондем ва таҳдид мекардем, президенти фирорӣ Жээнбеков барнамегашт. Мо ба ӯ пешниҳод кардем то биёяд ва мушкилиро аз роҳи қонунӣ ҳал кунем, нагузорем, ки корхонаҳо аз кор монанд ва иқтисодиёт сукут кунад.... Ҳамаи кор бо музокирот анҷоми. Касе дасту пойи ӯро тоб надода буд", - шарҳ дод Ҷопаров.

Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки баъзе одамон дидаву дониста маълумоти бардурӯғ паҳн мекарданд, ки гӯё ҷонибдорони ӯ аснои эътирозҳо сангу шиша ҳаво медоданд.

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон пас аз интихоботи парлумонӣ, ноамниҳо сар заданд ва дар фарҷом кишвардор Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

0
Барчаспҳо:
истеъфо, Сооронбой Жээнбеков