Мешки с мукой

Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

758
(Таҷдидшуда 19:35 18.04.2020)
Корхонаи "Захира дар минтақаи Рашт" орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ  ба сокинон пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал беш аз 500 тонна  гандум захира намудааст.

Ҳамчунин ин корхона ба воситаи  мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна,  Лахш 50 тонна ва  Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира намудааст.

Истеҳсоли орд бештар мешавад: таҷдиди бузургтарин корхонаи ордбарории Душанбе

"Корхона орди навъи якумро бо нархи 215 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 167 сомонӣ  ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст", - омадааст дар хабарнома. 

Дар ин бора  сармуҳосиби  Корхонаи фаръии "Захира дар минтақаи Рашт" Сироҷиддин Мирзоаҳмадов ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

Супоришҳои фаврии Раҳмон: паст кардани нархҳо, кишти заминҳо ва пешгирии COVID - 19

Корхонаи фаръии "ахира дар минтақаи Рашт" имрӯзҳо дар ноҳияҳои мазкур  22 тонна шакарро ба маблағи 6 сомону 20 дирамӣ,  5000 литр  равғанро бо нархи  12 сомонӣ, 5 тонна макаронро бо нархи  5 сомонию 50 дирам,  4 тонна марҷумакро  ба маблағи 8 сомонию 50 дирамӣ ба фарӯш гузоштааст.

Қазоқистон ба Тоҷикистон 5000 тонна орд медиҳад: кумаки башардӯстона

Инчунин 80 тонна ҷав ва 15 тонна сабусро барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ноҳияҳои мазкур пешниҳод намудаанд.

Корхонаи истеҳсолии орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда дорад.

758
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, захира, орд, Рашт
Парк Душанбе

Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

82
(Таҷдидшуда 13:45 04.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки аз беэҳтиётӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Раҷабов Умарҷони 19 - сола ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседе-Бенс 1 - адад дарахти ороишии бо номи "Каштанка" - ро шикастааст, хабар медиҳад котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 30 - юми май ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди боғи "Наврӯзгоҳ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисми кабудизоршудаи канори роҳи автомобилгард 1-адад дарахтони ороиширо шакастааст.

Дастури Президент: вакилон тӯли панҷ сол 20 дарахт мешинонад

Зимнан, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 334-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон номбурда зарари расонидашударо барқарор намудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки нисбати ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.

82
Барчаспҳо:
решакан шудани дарахтон, ронанда, Тоҷикистон
Две женщины на улице. архивное фото

Бедаракшавии Фотима, Сайёра ва Абдухолиқ: кумакхоҳии ВУД аз мардум-аксу видео

481
(Таҷдидшуда 14:53 04.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се нафар, аз ҷумла ҷавондухтаронеро меҷӯяд, ки моҳи май бадарак шудаанд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, яке аз ҷавондухтарҳои бедаракшуда Фотима Ҷалилова, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода мебошад.

Фотима Ҷалилова 11 майи соли равон аз хона берун рафта, то ҳол бедарак мебошад, афзуд ВУД.

Инчунин дар шаҳри Турсунзода, Абдухолиқ Абдураҳмонов, сокини 60-солаи шаҳри мазкур бедарак шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз 28 майи соли равон то ҳол дар бораи Абдураҳмонов хабаре нест.

Тибқи иттилои ВУД, нафари бедаракшудаи дигар Сайёра Абдусаломова, соли таваллудаш 2006, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки 2 майи соли равон аз хона баромада, то ҳол аз ӯ хабаре нест.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри аксҳои афроди бедаракшуда дар гузориши видеоияш аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати доштани маълумот дар бораи онҳо тариқи рақамҳои 221 21 21, 227 98 98 хабар диҳанд.

481
Барчаспҳо:
бедарак, акс, Тоҷикистон
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

0