Гуманитарная помощь РФ, архивное фото

Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

624
(Таҷдидшуда 20:20 20.04.2020)
Кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон се моҳи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Ожонси омори Тоҷикистон ахиран омореро нашр кардааст, ки тибқи он, ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи аввали соли равон аз чиҳилу ду кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона ба арзиши 4 миллион доллар ворид гардидааст.

Сипос барои кумаки башардӯстона: Раҳмон ба Мирзиёев занг зад

Тибқи иттилои манбаъ ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳору ним баробар камтар будааст.

Дар моҳҳои январ то марти соли қабл Тоҷикистон беш аз 18,5 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.

Тоҷикистон ба маблағи 55 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард

Тибқи омори мазкур, кумакҳои башардӯстонае, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шудаанд, маҳсулоти ғизоӣ, дору ва таҷҳизот мебошанд.

Дар садри кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон  Чин, Русия, Ҳинд ва Қазоқистон қарор доранд.

 

624
Барчаспҳо:
коҳиш, башардӯстона, кумак, Тоҷикистон
Линии электропередач в мороз, архивное фото

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

29
(Таҷдидшуда 13:45 27.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.

"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ ​​имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ ​​интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.

Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.

Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.

Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.

Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ ​​20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.

29
Вход в интернет, архивное фото

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии суръати интернет боз пасттар шуд

32
(Таҷдидшуда 13:19 27.02.2021)
Дар раддабандии нави сураъати интернети мобилӣ Тоҷикистон ҷои 129-умро дар байни 140 кишвари дунё ба даст овард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон суръати интернет пасттар шудааст. Далели он маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest. мебошад.

Бино бар иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, бино бар маълумотҳо моҳи декабри соли 2020 кишвар мавқеи 124-умро мегирифт.

"Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январ 13,8 Мб/сонияро ташкил дод, моҳи декабри соли 2020 ин нишондод ба 14.66 Мб/сония баробар буд", - омадааст дар ҳисоботи Speedtest.

Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январ, Тоҷикистон низ  мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт.

Моҳи декабр Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҷои 94-умро ишғол мекард.

Аз кишварҳои ИДМ дар мавриди суръати интерент Русия пешсаф аст, ҷои 93-умро мегирад, Қазоқистон - 105, Қирғизистон - 101, Ӯзбекистон мавқеи 128-умро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии пасти ҳам интернетиву ҳам тамосии ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро мушоҳида накардаанд.

Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки ба шикоятҳои мардум дар бораи хизматрасониҳои пасти шикарҳои мобилии кишвар чӣ назар дорад, таъкид карда буд.

Сокинон аз интернету хизматрасонии паст шикоят доранд. Хадамот мегӯяд, мушоҳида накардааст

Номбурда дар бораи ҳам хизматрасонии интернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ гуфт, шояд бошад, аммо мо мушоҳида накардем.

Ӯ гуфт ҳатто аз ҷониби шӯъбаҳои назорати ин самти Хадамоти алоқа чунин камбудиҳо ошкор нашудааст.

Номбурда аз як радабандии байналмилалӣ мисол оварда гуфт, хизматрасониҳои итернетӣ ва ҳам гуфтугӯӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хуб шудааст ва миёни давлатҳои минтақа ҷойи созгорро касб намудааст.

Ёдовар мешавем, қаблан дар пайи боло бурдани нархи хизматрасониҳои мобилӣ, мақомот ваъда дода буданд, ки сатҳи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.

Аммо шикояти ҳамарӯзаи сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ оид ба хизматрасониҳои ширкатҳо, махсусан аз сатҳи пасти суръат акси ҳолро нишон медиҳад.

32
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов аз баҳси забонҳои помирӣ ва пешниҳодҳо ба Ҳукумат гуфт

0
(Таҷдидшуда 14:29 27.02.2021)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз баҳсу мунозираҳо атрофи забонҳои помирӣ гуфт, ки ба иттилои ӯ ҳамарӯза сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд. 

Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.

Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт сурат нагирифтааст.

0
Барчаспҳо:
забон, Тоҷикистон