Вазир дастовардҳои Рустамро номбар кард ва гуфт, чаро ӯ сазовори мақоми баланд аст

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар се соли роҳбарии Рустам Эмомалӣ, шаҳри Душанбе ободу зебо гардида, дар самти беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, шаҳр ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардид

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид доштаст, ки  шаҳри Душанбе дар замони роҳбарии Рустам Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маҷлис гуфтанд, чаро Рустам Эмомалӣ бояд раис шавад: хатмкардаи 2 Академия, забондон

Вай афзуд, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,9 маротиба зиёд гардида, ҳаҷми он дар соли 2019 ба 2711,3 млн. сомонӣ баробар шуд.

"Воқеан ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба фаъолият даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, ки бевосита бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, мусоидат намуд. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикани "Сиёма", коркарди сангҳои ватанӣ аз ҷониби "Зиркон", истеҳсоли мебел аз ҷониби "Бисот", истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ аз ҷониби корхонаи "Ваҳдат", истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ аз ҷониби корхонаи “Равшан” ва истеҳсоли асфалту бетон аз ҷониби корхонаи Заводи асфалту бетон", - таъкид доштааст вазир

Вай афзуд, ҳоло барои бунёди 10 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли семент, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ, қубурҳои шишапластикӣ ва орд санги асос гузошта шудааст.

Завқизода қайд кардааст, ки давоми се соли охир 112 корхонаи саноатӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, дастоварди дигари шаҳр, дар фасли зимистон таъмини биною иншоотҳои шари Душанбе бо гармӣ будааст.

“Давоми се соли охир 2310 бинову иншоот бо гармӣ таъмин карда шуда, дар натиҷа истифодаи неруи барқ дар фасли зимистон кам гардид ва сокинони пойтахт, ташкилоту муассисаҳо маблағҳои худро сарфа намуданд”, - гуфт вазири иқтисод.

Ҳамзамон вай афзуд, ки дар замони роҳбарии Рустам Эмомалӣ, сохтмон ва сармоягузорӣ низ дар пойтахти кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтаааст.

Вай гуфт, се соли охир зиёда аз 752 иншоот ба маблағи 6,8 млрд. сомонӣ сохта шуд.

Дар ин давра 18 муассисаи таълимӣ барои 14 614 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 11 муассиса барои 11904 хонанда дар як баст ва корҳои лоиҳакашӣ дар 6 муассисаи дигар барои 3232 хонанда идома доранд.

Завқӣ Завқизода зикр кардааст, ки дар шаҳри Душанбе барои таҷдиду навсозии роҳҳо корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

Вай гуфт, дар ин давра 118,3 км роҳҳо навсозӣ ва таъмир гардида, сохтмони ду эстакада идома дорад.

Вазир аз беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ низ ишора кард.

Эмблема Центральной избирательной комиссии Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Эълони номи 25 узви нави Маҷлиси миллӣ: аз Рустам Эмомалӣ то Файзов, Аҳмадзода, Ҳакимзода

Вай афзуд, ки низоми нави автоматикунонии “Шаҳри бохирад” ба роҳ монда шуда, 100 адад автобуси тамғаи “AKIA” аз ширкати муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон харид карда шуд ва дар 30 хатсайр пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ роҳандозӣ гардид.

Инчунин вазир аз сохтмони дар ҳар як маҳаллаю ҷойҳои аҳолинишини пойтахт 231 майдончаи варзишӣ, боғу гулгаштҳо аз ҷумла бунёди боғҳои “Восеъ”, “Алишери Навоӣ”, Аҳмади Дониш, “Ҷавонон” ва “Куруши Кабир”, ва навсозии боғҳои Айнӣ, “Кӯли Ҷавонон”, Абулқосими Фирдавсӣ, “Хайём”, “Кӯдакон” ва “Мироненко” ёдрас шуд.

Завқӣ Завқизода, ҳамчунин афзудааст, ки дар солҳои 2017-2019 дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ба маблағи умумии 86,8 млн. доллар ва 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба маблағи 85,9 млн. доллар татбиқ гардида истодааст.

“Дар ин давра обрӯю эътибори шаҳр дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло рафта, расму ойин ва фарҳангу маданияти ҳазорсолаи гузаштагонамон ба ҷаҳониён ба таври густурда муаррифӣ карда шуд. Тибқи баҳогузории нашрияи бритониёии “The Independent” шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шуда, Душанбе аз ҷониби Агентии таҳлилии “ТурСтат” ба феҳрасти даҳгонаи ҷолибтарин шаҳрҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ворид гардид”, - таъкид доштааст вазир.

Вай афзудааст, ки дастовардҳои намоён дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии пойтахт, ба Рустами Эмомалӣ, имкон дод ҳамчун шахси кордону ботаҷриба, худогоҳу сиёсатмадор ва шаҳрдори комёб санаи 17 апрели соли 2020 ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шавад.

"Фаъолияту кордонии Рустами Эмомалӣ беҳтарин намунаи ибрат барои ҳар як ҷавон аст", — гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

 

Лентаи хабарҳо
0