Женщина в защитной медицинской маске

Хона ба хона мегарданд: мақомдорони тоҷик сокинонро аз паҳншавии коронавирус огоҳ доранд

2241
(Таҷдидшуда 11:31 24.04.2020)
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз таъсиси даҳҳо гурӯҳҳои корӣ барои бетаъхиру самаранок доир ба гузаронидани корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгири бемории коронавирус таъсис додааст

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 25 гурӯҳи корӣ таъсис додааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Чи тавре ки масъулини Кумита қайд кардаанд,  ин гурӯҳҳо бо мақсади  андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок доир ба гузаронидани корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгири бемории коронавирус таъсис ёфтаанд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки гурӯҳи мазкур аз ҳисоби муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва фаъолони ноҳия ташкил гардида, суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” дар маҳаллаҳои Варзоб-ГЕС, Сабзазор, Чашмасор, Проектний, Амиршоев, Заргар, Умари Хайём, Сари Осиё, Холов, Телман, Заҳматобод, Азизбеков баргузор гардиданд.

“Аъзои ин гурӯҳҳо ба аҳолӣ фаҳмонида истодаанд, ки имрӯз дар тамоми давлатҳои  ҷаҳон одамон  чӣ гуна аз бемории COVID -19  азият мекашанду он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст. Мардум бояд донанд, ки ҳарчанд ки ин беморӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин набояд боиси фориғболии мардум гардад”, таъкид доштааст Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон.

Аъзои гурӯҳи мазкур инчунин зимни вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии №11, 6, Литсей барои бачагони болаёқати №3, муассисаҳои томактабии №8, 5, 121 оид ба пешгирии паҳншавии вируси COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ,  ҳолати санитарию гигиении хона, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла, танзими тӯю маъракаҳо ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ дар байни занону ҷавонон суҳбат намуданд.

2241
Барчаспҳо:
вирус, корҳои созандагӣ, пешгирӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тозагӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Тоҷикистон
Доцент Московской сельскохозяйственной академии имени К.А. Тимирязева Игорь Абакумов

Абакумов дар бораи содироти пахтаи тоҷик: ин мурғест бо тухми тиллоӣ

11
(Таҷдидшуда 23:05 26.09.2020)
Чаро чунин як соҳаи умедбахш, ба монанди истеҳсоли пахта, дар Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, шарҳ дод Игор Абакумов, мутахассиси иқтисодиёти аграрӣ, дотсенти Академияи кишоварзии Маскав ба номи К.А.Тимирязев

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар бахши содироти маводҳои нассоҷии Тоҷикистон қисмати аслии онро нахи пахта ташкил медиҳад.

Тайи моҳҳои январ-августи соли 2020 Тоҷикистон беш аз 42,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷа ба маблағи беш аз 57,5 ​​миллион доллар фурӯхтааст.

 Фурӯши нахи пахта бо вазн нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% афзудааст.

"Содироти ашёи хом нишонаи иқтисоди рушднокарда аст. Тоҷикистон содироти пахтаи хомро афзоиш дод ва содироти матоъро коҳиш",- гуфт Абакумов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки содироти матоъ дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир нест ва содироти пахта ҳамеша як миқдор пул меовард. Аммо, пули бештар аз ҳисоби маҳсулоти коркардшуда ба даст меояд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Содироти пахтаи хом дурнамое надорад, бозор ҳамеша ба маҳсулоти тайёр талабот дорад. Русия миқдори муайяни пахтаро дар Тоҷикистон барои мақсадҳои нассоҷӣ ва ҳарбӣ мехарад, зеро пахта ашёи хом аст", - гуфт коршинос.

Ба гуфти коршинос, Тоҷикистон бояд барои рушди соҳаи нассоҷӣ, истеҳсоли матоъҳои нав, маҳсулоти пахтагӣ сармоягузории зиёд кунад.

Ба қавли ӯ, ҳатто аз пахта метавон масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кард, аммо, ин хеле гарон хоҳад буд, зеро дар Тоҷикистон ҳангоми чидани пахта меҳнати дастӣ бартарӣ дорад. Дар чунин ҳолат, сифат зарар мебинад ва илова бар ин, сарбории зиёди захираҳои меҳнатӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршинос, ин соҳа, метавонад мурғи тухмҳои тиллоидошта бошад, ки ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, зеро бозор бо ашёи хоми Тоҷикистон сер шудааст.

11
Барчаспҳо:
содирот, пахта, Тоҷикистон
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

27
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

27
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон