Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро 50 дар сад коҳиш дод

© © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз авали сол ҳаҷми содирот дар кишвар бештар аз 12,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин назар ба соли гузашта 10,7 ҳазор тонна камтар мебошад

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро наздики 50 дар сад коҳиш дод, хабар медиҳад "Авеста".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев
Аммо, баракси ин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш дода шудааст.

Аз аввали сол ҳаҷми содирот дар кишвар бештар аз 12,1 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин назар ба соли гузашта 10,7 ҳазор тонна камтар мебошад.

Вале дар ин давра содироти себ, нок, биҳӣ, ситрус, настарин ё хуч, чормағзи заминӣ ва лаблабу зиёд шудааст.

Дар навбати худ, дар чор моҳи аввали сол кишвар 25,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид кард, ки ин назар ба соли гузашта 63,6 дар сад зиёд аст.

Картошка 8 сомон шуд: сокинон мегӯянд, мақомот ба куҷо менигарад

Аҳ ҷумла Тоҷикистон воридоти пиёз ва картошкаро афзудааст.

Кишвар помидор, ситрус ва хурморо низ аз кишварҳои хориҷ бештар харидорӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0