Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Бори аввал: наздики 12 ҳазор сокини Бадахшон бо барқ таъмин мешаванд

182
Лоиҳаи таъмини 61 деҳаи вилоят татбиқ мешавад. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 25,2 миллион доллари америкоӣ тариқи грант пешбинӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи дурдастарини Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ мегардад, хабар медиҳад "Ховар".

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур наздики 12 ҳазор сокини ВМКБ бори нахуст бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкати "Помир Энерҷӣ" барои бо барқ таъмин кардани 61 деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи нав татбиқ менамояд. Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 25,2 миллион доллари америкоӣ тариқи грант пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад,  22 апрел зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ созишнома байни "Помир Энерҷӣ" ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот"-ро тасдиқ намуданд.

Созишномаи зикршуда 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидаст.

Чаро барқро мекушанд? Шикоятҳои мардум ва шарҳи “Барқи тоҷик”

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни шарҳи масъала дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумон иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳа бо барқ таъмин кардани деҳаҳои бебарқи наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии деҳаҳои мавриди татбиқи лоиҳа қароргиранда 20  деҳа ба ноҳияи Мурғоб, 21-то ба ноҳияи Рӯшон, 9-то ба ноҳияи Ванҷ, 4-то ба ноҳияи Дарвоз, 3-тоӣ ба ноҳияҳои Рошқалъаву Шуғнон ва 1-то ба ноҳияи Ишкошим рост меояд.

182

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

81
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

81
Певец Бахром Гафури

"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад

331
Ҳамагӣ се рӯз пеш ҳунарманд дар саҳифаи иҷтимоӣ хабар додааст, ки дар тараддуди нашри суруди нав аст. Ӯ дар ин таронаи ғамгинаш аз хонаи холие нола мекунад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Имрӯз, 7 август дар пайи як садамаи мудҳиш сарояндаи нотакрор Баҳроми Ғафурӣ даргузашт. Ин хабар ҳазорҳо мухлиси ҳунармандро чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар берун аз он ғамгин кард. Sputnik Тоҷикистон машҳуртарин таронаҳои Баҳром Ғафуриро ба ёд меорад.

Ҳунарманд солҳои 2000-ум бо таронаи "Парешон шудаи ай дил" шӯҳрати беандоза ба даст овард ва вориди шоу-бизнес шуд. 

Ҳамин тавр, таронаҳои Баҳром Ғафурӣ зуд хит мешуданд ва ӯ борҳо дар озмуни "Суруди сол" иштирок намудаву ҷоиза гирифтааст. Суруди "Фариштамоҳ" яке аз онҳост.

Ҳамчунин, овозхон чанд маротиба дар озмуни байналмилалии Big Music Awards  ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ ҷоизаҳои ин озмунро солҳои 2009, 2011 ва 2014 ба даст овардааст.

 

Ҳамагӣ се рӯз пештар Баҳром Ғафурӣ дар саҳиаи Истаграмаш хабар дод, ки дар тараддуди нашри суруди наваш аст. Аммо тақдир ба ӯ даст надод, ки ин таронаро пурра мунташир кунад.

Қисме аз тарона дар саҳифаи иҷтимоии ҳунарманд нашр шудааст.

Ӯ зоҳиран ин таронааро низ ба муҳоҷират бахшидааст. Дар он ҳунарманд аз хонаи холие шикоят мекунад, ки бе нафари наздик мисли зиндон аст.

"Хона холист, хонаи мо, хонаи қашангу зебо, хона холист ҳама сарсон, хона бе ту мисли зиндон", шиква мекунад вай дар тарона.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

💫Taraddudi surudhoi nav💫 @bakha84 @hasan_madudov

Публикация от 𝐁𝐀𝐇𝐑𝐎𝐌 𝐆𝐇𝐀𝐅𝐔𝐑𝐈 (@bahrom_ghafuri_official)

Баҳром Ғафурӣ яке аз ситораҳои дурахшони саноъати мусиқии тоҷик тайи 20 соли ахир буд, ки бо услуби хосу садои нотакрор беш аз 10 албомро ҳадяи мухлисонаш кардааст.

Дар миёни мардум албумҳои ӯ “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача” маҳбубияти хос доранд. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

331