СҶБ: коронавирус дар ИДМ авҷ гирифт, аммо то ҳол ба Тоҷикистону Туркманистон нарасидааст

1378
(Таҷдидшуда 17:18 24.04.2020)
Тибқи оморҳои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори нафарони гирифтор ба коронавирус дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 6 489 нафар зиёд шуда, дар умум 95 129 касро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт қайд кардааст, ки шумори нафарони шифоёфта дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ба 10 612 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори нафарони ҷонбохта ба 1 034 нафар расидааст.

Миёни кишварҳои узви ИДМ шумораи зиёди шахсони гирифтор ба COVID-19 дар Русия, ба қайд гирифта шуд. Дар ин кишвар дар давоми рӯз 5 849 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардид. Дар умум дар Русия 68 ҳазору 622 нафар сироят ёфта, аз онҳо 5 568 нафар табобат шудаанд ва 615 нафари дигар фавтидаанд.

Дар Беларус ва Украина, мутаносибан 8 022 ва 7 647 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 60 нафар фавтида, 938 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 193 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 601 нафар табобат шудаанд.

Дар Молдова 2 926 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 755 нафар шифо ёфтаанд ва 80 каси дигар вафот кардаанд.

Дар се кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморони сироятёфта мутаносибан 2 334,  1 778 ва 656 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Қазоқистон шумори фавти беморони коронавирус  ба 24 нафар расид.

Дар ин кишва аз шумораи умумии сироёятшудагон 568 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 592 нафарро ташкил дода, 7 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 322 нафар табобат шуда, 8 каси дигар фавтидаанд.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Арманистон имрӯз 73 нафар зиёд шуда, ба 1 596 нафар расид. Дар он 728 нафар шифо ёфта, 27 каси дигар вафот кардаанд.

Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 548 нафар буда, аз онҳо 948 нафар табобат шудаанд ва 20 кас фавтидаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шумораи мубталоён ба коронавирус ба 1 279 нафар расида, 179 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 42 тани дигар вафот кардаанд.

Тибқи омори ахири СҶБ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 736 ҳазору 160 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 191 ҳазору 421 нафар вафот карда, 751 ҳазору 781 кас шифо ёфтаанд ва 58 ҳазору 689 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

1378
Барчаспҳо:
Туркманистон, беморон, ИДМ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, вирус, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

81
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

81
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дождь в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори ҳавосанҷон аз якбора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон: шамолу тӯфон ва борони сахт

503
(Таҷдидшуда 17:49 26.09.2020)
Сар аз 28 то 30 - юми сентябр ҳаво дар Тоҷикистон ноустувор мешавад. Дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг мешавад ва ҳамзамон шамоли сахт ва боронгарии зиёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз бад шудани ҳавои Тоҷикистон дар ҳафтаи оянда ҳушдор медиҳад.

Кумитаи мазкур бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки аз 28 то 30-уми сентябри соли равон коҳиши ногаҳонии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад.

Дар минтақҳои ҷудогона боронҳои кутоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад, шамоли сахт (то 12-17 м/с) мевазад, дар қисмати ҷанубии кишвар тӯфони пурчанг пешбинӣ мешавад.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо дар роҳандозии корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба ронандаҳо ва алоқамандони кӯҳгардӣ, сайёҳони кӯҳгард ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, ҳамчунин риояи масофа як шарти аслии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳист, ки хавфу хатарҳоро кам мекунад.

503
Барчаспҳо:
тӯфон, шамоли сахт, борон, Тоҷикистон