Медицинский работник делает тест на вирус

Вазорати тандурустӣ гуфт, тестҳои коронавирусро аз куҷо гирифту чигуна ташхис мегузаронад

2233
(Таҷдидшуда 20:11 24.04.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба суолҳое, ки шаҳрвандонро нигарон мекунанд, посух гуфт. Аз ҷумла тавзеҳ дод, ки аз кадом кишвар чанд тест дастрас шудааст

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Ҳамаи тестҳои санҷиши коронавирус бо дигар ташхисҳо низ санҷида мешаванд, омадааст дар мактуби Вазорати тандурстӣ, ки нусхаи он дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шудааст. Мактуби мазкур дар посух ба як қатор суолҳои фаъолони иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани коронавирус бо миёнравии СУТ аз Русия 23 ҳазор тест, аз Чин 22 ҳазор ва аз Олмон 1.9 ҳазор тест дастрас кард. Бояд қайд кард, ки ин тестҳо аз ҷониби СУТ санҷида шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳангоми санҷиши коронавирус, на танҳо аз тест истифода мешавад, балки аз ташхисҳои дигар низ истифода мекунанд.

Пизишкон ҳамчунин ташхиси рентгенӣ ва томография мекунанд ва барои хулосаи дақиқ таҳлили умумии хун ва луоб мегузаронанд.

Муфтӣ гуфт, ки дар замони коронавирус чигуна бояд рӯза дошт

Вазорат таъкид мекунад, ки барои гузаронадиани ташхиси лабаратории COVID-19 лабараторияи бехатарии биологии дараҷаи дувуми  лозим аст.  Ба ин талаботҳо феълан танҳо Озмоишгоҳи ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ҷавобгӯст.

Ҳамчунин дар мактуб гуфта мешавад, ки дар беморхонаҳои вилоятӣ таҷҳизоти томографӣ ва дастгоҳи нафасдиҳӣ мавҷуд аст.

 

2233
Спичка, архивное фото

Пулро гирифту хонаро оташ зад: боздошти хонандаи синфи 10 дар Истаравшан

77
Мақомоти милитсия аз боздошти як ноболиғи 16 - сола, хонандаи синфи 10, сокини шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ ва сӯзонидани хона даст задааст

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд рухдоди ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

"Сокини 16 - солаи шаҳри Истаравшан, хонандаи синфи 10, ки ҳоло танҳо аз вай Д. Б. ном бурда мешавад, санаи 10 - уми сентябр, соати 07: 30 ба манзили соҳибкор, марди 38 - солаи сокини ин шаҳр воқеъ дар кӯчаи Ҳакимова дохил шуда, 4 ҳазору 400 доллари амрикоиро тасарруф намуд", - шарщ дод Шарифӣ.

Ба изҳори ӯ, ноболиғ барои рӯйпуш кардани изи ҷинояти содиркардааш, хонаи соҳибкорро оташ зад.

Дар асоси муроҷиатномаи соҳибкор, кормандони милитсия хонандаи синфи 10 - и яке аз макотиби Истаравшанро боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур муттаҳам дониста мешавад.

Боздошти сокини Вахш барои дуздӣ дар даҳ масҷиди ду ноҳия-видео

Гуфта мешавад, навраси 16 - сола, ба ҷузъ аз дузди маблағ, аз ҳисоби оташ задани манзили истиқоматӣ ба соҳибхона боз 30 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 255 (қасдан несту нобуд кардани молу амвол) - и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз карда шуда, ноболиғ ба ҳабс гирифта шудааст.

77
Барчаспҳо:
боздошт, ноболиғ, дуздӣ, Истаравшан
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

37
(Таҷдидшуда 16:56 01.10.2020)
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Президент фармони даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо кард

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Пешсафии Бадахшон: нақшаи даъвати наваскарон дар вилоят 110 дарсад иҷро шуд

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

37
Барчаспҳо:
артиш, даъват, Бадахшон, Тоҷикистон