Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ: макотиб ба таътил, содирот манъ, дари киною театр баста шавад

4406
(Таҷдидшуда 13:15 25.04.2020)
Имрӯз таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистион, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то  10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Ҳамчунин, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳамагуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ карда шавад.

Дизенфексия ва ғизои ройгон: рӯзгори мардуми Кобул дар замони коронавирус - 16 акс

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

4406
Барчаспҳо:
баста, театр, кино, таътил, мактаб, ҷаласа
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (703)
Глава МИД РТ провел встречу зам главой МИД РФ Андрейем Руденко

Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

11
(Таҷдидшуда 01:40 15.08.2020)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

11
Барчаспҳо:
вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯ, мулоқот, Душанбе, Русия, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ: мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагон бо сафири Ҳинд

19
(Таҷдидшуда 01:31 15.08.2020)
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафири Ҳинд дар Душанбе дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Ба нақл дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Муҳаммадтоҳир Зокирзода, бо Вироҷ Синг сафири Ҳиндустон дар Душнбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Муҳаммадато Султонов сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот ду тараф дурнмои ҳамкориҳои байни парлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баҳс ва баррасӣ шуд. 

Вай афзуд, дар ин мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба тавсеа ва густариши муносибот бо Ҳинд таваҷҷӯҳи  вижа кунад. 

Бояд қайд кард, ки мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1991 то кунун 70 тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо якдигар имзо карданд.

Ҳудуди 80 ширкати ҳиндӣ дар Тоҷикстон фаъолият мекунанд.

19
Барчаспҳо:
Душанбе, маҷлис, парлумон, ҳамкорӣ, Ҳинд, Тоҷикистон