Цветы в городе Душанбе

Обуҳавошиносон: рӯзона борону раъду барқ шабона ҳавои гарм

436
(Таҷдидшуда 10:23 28.04.2020)
Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст, ки имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда мешавад.  Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.   Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

436
Барчаспҳо:
тағйирёбанда, раъду барқ, борон, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Сотрудник полиции выстраивает в очередь мигрантов

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

4
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон дошт, марҳила ба марҳила муҳоҷирони меҳнатие, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид дошт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба илллати пандемия COVID- 19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қайд намудааст, ки дар марҳилаи аввал барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, тамаркуз карда шудааст.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

“Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд”,- эълон кардааст сафорат.

Инчунин масъулини сафорат таъкид доштанд, ки айни замон масъалаи бозгардонии дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия дар баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ қарор дорад.

“Масъалаи мазкур аз фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҳамватанони дар Русия қарордошта хоҳиш карда мешавад, ки хабарҳоро роҷеъ ба парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Россия ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ пайгирӣ намоянд”,- иттилоъ додааст сафорат.

Сафорат зикр ҳамзамон зиер кардааст, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб шаҳарвандон метавонанд тавассути телефонҳои доимиамалкунандаи Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия тамос гиранд.

4
Барчаспҳо:
баргардонӣ, шаҳрванд, Ватан, муҳоҷир, сафоратхона, Тоҷикистон
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

291
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

291
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон